Ҳафтахтар Ҷилди 3

Гарат сад ганҷ ҳаст, ар як дирам нест,
Насибат з-ин ҷаҳон ҷуз як шикам нест.
Ҳаме то пой дорад тандурустӣ,
Зи сахтиҳо нагирад табъ сустӣ.
Чу баргардад мизоҷ аз истиқомат,
Ба душворӣ ба даст ояд саломат.
Даҳон чандон намояд нӯшханде,
Ки ёбад дар табиат нӯшмандӣ.
Чу гирад ноумедӣ мардро гӯш,
Кунад роҳи раҳоиро фаромӯш.
Ҷаҳон заҳр асту хӯи талхнокаш,
Ба кам хӯрдан тавон раст аз ҳалокаш.
Машав пурхора чун кирмон дар ин гӯр,
Ба кам хӯрдан камар дарбанд чун мӯр.
Зи кам хӯрдан касеро таб нагирад,
Зи пур хӯрдан ба рӯзе сад бимирад.
Ҳаром омад алаф тороҷ кардан,
Ба дору табъро муҳтоҷ кардан.
Чу бошад хӯрдани нон гулшакарвор,
Набошад табъро бо гулшакар кор.
Чу гулбун ҳар чи бигзорӣ, бихандад,
Чу хӯрдӣ, гар шакар бошад, бигандад.
Чу дунёро нахоҳӣ, чанд ҷӯӣ,
Бад-ӯ пӯӣ, бади ӯ чанд гӯӣ?
Ғами дунё касе дар дил надорад,
Ки дар дунё чу мо манзил надорад.
Дар ин саҳро касе , к-ӯ ҷойгир аст,
Зи муште обу нонаш ногузир аст.
Макун дилтангӣ, эй шахсат гиле танг,
Ки бад бошад гиле тангу диле танг.
Ҷаҳон аз номи он кас нанг дорад,
Ки аз баҳри ҷаҳон дил танг дорад.
Ғами рӯзӣ махур, то рӯз монад,
Ки худ рӯзирасон рӯзӣ расонад.
Фалак бо ин ҳама номусу найранг
Шабу рӯз аблақе дорад куҳанланг.
Бар ин аблақ, ки омадшуд гузинад,
Чу ин омад фуруд, он барнишинад.
Дар ин селоби ғам, к-аз мо падар бурд,
Писар чун зинда монад, чун падар мурд.
Касе, к-ӯ хуни ҳиндуе бирезад,
Чу ворис бошад, он хун барнахезад.
Чи фарзандӣ ту бо ин турктозӣ,
Ки ҳиндуи падаркушро навозӣ.
Бизан тире бар ин кӯжи камонпушт,
Ки чандин пушт бар пушти туро кушт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё