Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Раъият, ҳар чи буд аз дуру пайванд,
Ба дину доди ӯ хӯрданд савганд.
Фарохӣ дар ҷаҳон чандон асар кард,
Ки як дона ғала сад бештар кард.
Ният чун нек бошад подшоро,
Гуҳар хезад ба ҷои гул гиёро.
Дарахти бадният хӯшидашох аст,
Шаҳи некӯниятро пай фарох аст.
Фарохиҳову тангиҳои атроф
Зи адли подшоҳи худ занад лоф.
Зи чашми подшоҳ афтод рое,
Ки бадройӣ кунад дар подшоӣ.
Чу Ширин аз шаҳаншаҳ бехабар буд,
Дар он шоҳӣ дилаш зеру забар буд.
Агарчи давлати кайхусравӣ дошт,
Чу мадҳушон сари саҳроравӣ дошт.
Хабар пурсид аз ҳар корвоне,
Магар, к-орандаш аз Хусрав нишоне.
Чу огаҳ шуд, ки шоҳи муштарибахт
Расонид аз замин бар осмон тахт,
Зи ганҷафшониву гавҳарнисорӣ
Ба ҷой овард расми дӯстдорӣ,
Валек аз кори Марям тангдил буд,
Ки Марям дар таассуб сангдил буд.
Маликро дода буд дар Рум савганд,
Ки бо кас дарнасозад меҳру пайванд.
Чу Ширин аз чунин талхӣ хабар ёфт,
Нафасро з-ин ҳикоят талхтар ёфт.
Зи дилкӯрӣ ба кори дил фурӯ монд,
Дар он меҳнат чу хар дар гил фурӯ монд.
Дар он як сол, к-ӯ фармондеҳӣ кард,
1
На мурғе, балки мӯреро наозард.
Дилаш чун чашми шӯхаш хуфтагӣ дошт,
Ҳама кораш чу зулф ошуфтагӣ дошт.
Ҳаметарсид, к-аз шӯридароӣ
Кунад номуси адлаш бевафоӣ.
Ҷуз он чора надид он сарви чолок,
К-аз он даъвӣ кунад девони худ пок,
Кунад танҳоравӣ дар кори Хусрав,
Ба танҳоӣ хурад тимори Хусрав.
Набуд аз ройи сусташ пойбарҷой,
Ки бедил буду бедил ҳаст берой.
Ба мавлое супурд он подшоҳӣ,
Дилаш сер омад аз соҳибкулоҳӣ.

Наозурд.

пешина
аз 349
навбатӣ