Ҳафтахтар Ҷилди 3

Ва, чунон ки Шиблии Нуъмонӣ дар «Шеър-ул-Аҷам» менависад, «дар тарҳи як қиссаву ҳикоят назму тартиби матолиб, тамҳид ва низ дар достонсароӣ воқеанигорӣ, рабт додани маонӣ ба ҳам, ташбеҳоту истиорот, муболиға ва ғайраҳо як сабки навин ва тарзи бадеъе аз ӯ ба назари хонанда мерасад ва аз он бахубӣ мешавад фаҳмид, ки ӯ дар тахайюл то чӣ андоза муқтадиру тавоност». Метавон хулоса кард, ки ҳаким Низомӣ маъниофарини забардаст, тасвиргари моҳир ва санъаткори тавонои адабиёти мост, ки паҳлуҳои нави имкониятҳои забони тоҷикии форсиро ба ҳама намоёнд. Шоириро нағз гуфтан, ҷолиб гуфтан, нав гуфтан ва ҳайратовар гуфтан медонад: «Маро кор бо нағзгуфторӣ аст», «Ва гар бе шигифтӣ гузорӣ сухан, Надорад навӣ номаҳои куҳан».
Мавриди зикр аст, ки ҳаким Низомӣ баъд аз силсилае бузургон ба адабиёти тоҷику форс омад ва ҳамасронаш Анварӣ, Хоқонӣ, Аттор, Ватвот, Маҳастӣ пештозони ин сухани оламгир буданд, вале бо даҳову закои зотиву ҳосилнамуда тавонист, ки яккатози майдони шеъри фасеҳу ширин, баланду фаҳмо, заминиву замонӣ бигардад ва номи хешро абадӣ дар таърихи адабиёти ҷаҳон ва сафҳаҳои дили одамон сабт бисозад.
Чунон ки зикр шуд, аз ишораҳои худи шоир ба баъзе лаҳзаву санадҳои ҳаёту эҷодаш пай бурдан мумкин аст. Масалан, дар ҷое мегӯяд:
Рӯзе ба муборакиву шодӣ
Будам бо нишоти кайқубодӣ,
Абрӯи ҳилолиям кушода,
Девони Низомиам ниҳода
ва барҷо таассуроте бармеояд, ки ҳакими бузург соҳиби девони ашъор ҳам будааст. Баъзе сарчашмаҳо низ ба ин ишора кардаанд ва мутаассифона, аз он 20 000 байте, ки Давлатшоҳ зикр мекунад ва сарчашмаҳо дар мавриди девони Низомӣ гуфтаанд, ҳамагӣ 12 қасида, 137 ғазал, 9 қитъа ва 46 рубоӣ боқӣ мондааст.
Ҳарчанд ки назарҳо ба ашъори ғайри «Хамса»-и шоир гуногунанд ва Шиблии Нуъмонӣ ҳатто «ғазалиёташ номарғубу хунук ба назар меояд» ва «қасидааш мақбул воқеъ нашуда» мегӯяд, пораҳои зиёди қасидаву ғазалҳои ҳаким Низомӣ басо хонданиву ҷолибанд ва метавонанд ҳамрадифи қитъае аз ӯ бошанд, ки муаллифи «Шеър-ул-Аҷам» «ҳовии иборати салису равон ва маонии нағзу дилкаш»-аш гуфтааст. Бинобар ҷолибии шаклу мазмун мо низ онро комилан иқтибос мекунем:
Дӯш рафтам ба харобот, маро роҳ набуд,
1 Мезадам нолаву фарёд, ки аз ман нашунуд.
Мантиқан бояд «кас» бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё