Ҳафтахтар Ҷилди 3

натанҳо донишманд шуданаш, балки хештаншинос буданашро тақозо додорад:
Дар шеър мапечу дар фани ӯ,
Чун акзаби ӯст аҳсани ӯ,
З-ин фан маталаб баландномӣ,
К-он хатм шудаст бо Низомӣ!
Назм арчи ба мартабат баланд аст,
Он илм талаб, ки судманд аст.
Дар ҷадвали ин хати қиёсӣ
Мекӯш ба хештаншиносӣ!
Ба эътиқоди ҳакими бузург, маҳз ҳамин хислату хусусият ва боз мадюни миннати касе набудан инсонро мукарраму муаззам ва азизи касон месозад:
Чун машъала дастранҷи худ хӯр,
Чун шамъ ҳамеша ганҷи худ хӯр,
То бо ту ба суннати Низомӣ
Султони ҷаҳон кунад ғуломӣ.
Шоир нигаҳ доштани адаб ва лаб аз гуфтори ноҷо бастанро шарти сарфарозӣ медонад ва бо шакли ҷолиби муроҷиат ба шахси хеш фарзанди худу фарзандони мардумро ба риояти ин ҳамидахислатҳо мехонад:
Низомӣ, чу май бо Сикандар хӯрӣ,
Нигаҳ дор адаб, то зи худ бар хӯрӣ.
Чу ҳамхони Хизрӣ ба ин тарфи ҷӯй,
Ба ҳафтодуҳафт об лабро бишӯй!
Низомӣ маҳз бо ҳамин хирадномаҳои ҷовидона, ақидаҳои аёни башардӯстона, талқини хислатҳои як инсони комил ба дилу дидаи мардум нишастааст ва «Хамса» ё «Панҷганҷ»-и ӯ абадан дар радифи дурдонаҳои ақлу ҳунари инсоният ҷо гирифтааст. Воқеан, тавре ки Давлатшоҳи Самарқандӣ дар «Тазкират-уш-шуаро» таъкид мекунад, «дар рӯзгори шайх «Хамса»-ро ҷамъ накарда буданд ва ҳар як достон ҷудо буд, то баъд аз вафоти шайх ин китобро дар як ҷилд ҷамъ карданд ва фузало «Хамса»
ном ниҳоданд». «Ҳақоиқу дақоиқе, ки дар ин панҷ ганҷ дарҷ карда, мақдури башар нест ва ин ҷиҳати каромати ӯ кифоят аст» – менависад Алишери Навоӣ дар «Маҷолис-ун-нафоис», ҳамфикриашро бо устодаш Мавлоно Ҷомӣ изҳор дошта. Ҳамин каромат буд, ки бисёр шоирони тавоно, аз ҷумла, мавлоно Ҷомиву амир Хусрави комилан муваффақро ба достонсароӣ ҷалб кард ва адабиёти моро аз маъниву мазмун ва санъатҳои баланд ғанитар сохт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё