Ҳафтахтар Ҷилди 3

Ё набуд ҳеҷ кас аз бодафурӯшон бедор,
Ё ки ман ҳеҷ касам, ҳеҷ касам дар накушуд.
Посе аз шаб бигузашт (?) бештарак ё камтар,
Ринде аз ғуфра бурун кард сару рух бинамуд,
Гуфт: «Хайр аст, дар ин вақт киро мехоҳӣ,
Бемаҳал омаданат бар дари мо баҳри чи буд?»
Гуфтамаш: «Дар бикушо». Гуфт: «Бирав, ҳарза магӯ,
К-андар ин вақт касе баҳри касе дар накушуд!
Ин на масҷид, ки ба ҳар лаҳза дараш бикшоянд,
Ки ту дер оиву андар сафи пеш истӣ зуд!
Ин хароботи муғон аст, дар ӯ риндонанд,
Шоҳиду шамъу шаробу шакару нойу суруд!
Ҳар чи дар ҷумлаи офоқ дар ин ҷо ҳозир –
Муъмину барҳаману габру насориву яҳуд,
Гар ту хоҳӣ, ки дам аз суҳбати эшон бизанӣ,
Хоки пои ҳама шав, то ки биёбӣ мақсуд!
Ё худ, чи ширинанд байту пораҳои зерин:
Ба умри худ парешонӣ мабинад
Диле, к-аз вай парешоне биосуд.
Шунидам, ошиқонро менавозӣ,
Магар ман з-ин миён берунам, эй дӯст?
Ҳабашӣ манам, ки дар тан ҳама сӯхтаст хунам,
Хутанӣ туӣ, ки дар бар ҳама сими хом дорӣ.
Сарзанишам макун, ки ту шефтатар зи ман шавӣ,
Гар нигарӣ дар оина рӯи чу моҳи хешро!
Баъдан дар ҳамин ҳолу оҳанг шеърҳое эҷод шуда ва, аз ҷумла, шайх
Саъдӣ мегӯяд:
Дӯстон айб кунандам, ки чаро дил ба ту додам,
Бояд аввал ба ту гуфтан, ки чунин хуб чароӣ?
Ҳамин забону баёни фаҳмову ширин буд, ки ҳанӯз дар замони шоир, чунон ки дар достони «Хусрав ва Ширин» меорад, ғазалҳояшро таронасон месурудаанд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё