Ҳафтахтар Ҷилди 3

Чӣ дидам - тезрое, тозарӯе,
Масеҳе баста дар ҳар тори мӯе,
1
Ҳама рух гул чу бодома зи нағзӣ,
Ҳама тан дил чу бодоми думағзӣ.
Миёне ёфтам, к-аз соқ то рӯй
Ду оламро гиреҳ баста ба як мӯй.
Даҳоне карда бар тангӣ-ш зӯре,
Чу хузистонӣ андар чашми мӯре.
Набӯсида лабаш бар ҳеҷ ҳастӣ,
Магар оинаро, он ҳам ба мастӣ.
Накарда дасти ӯ бо кас дарозӣ
Магар бо зулфи худ в-он ҳам ба бозӣ.
Басе лоғартар аз мӯяш миёнаш,
Басе ширинтар аз номаш даҳонаш.
Агарчи фитнаи олам шуд он моҳ,
Чу олам фитна шуд бар сурати шоҳ.
Чу маҳро дил ба рафтан тез кардам,
Пас он гаҳ чораи Шабдиз кардам.
Раванда моҳро бар пушти шабранг
Фиристодам ба чандин рангу найранг.
Ман ин ҷо муддате ранҷур мондам,
Бад-ин узр аз рикобаш дур мондам.
Кунун донам, ки он сахтикашида
Ба мушкуи малик бошад расида.»
Шаҳ аз дилдодагӣ дарбар гирифташ,
Қадам то фарқ дар гавҳар гирифташ,
Сипосашро тирози остин кард,
Бар ӯ бисёр-бисёр офарин кард.
Ҳадиси чашмаву сар шустани моҳ
Дурустӣ дод қавлашро бари шоҳ.
Малик низ, он чи дар раҳ дид, яксар
Якояк бозгуфт аз хайру аз шар.
Ҳақиқат гашташон, к-он мурғи дамсоз
Ба ақсои Мадоин карда парвоз.
Қарор он шуд, ки дигарбора Шопур
Чу парвона шавад дунболи он нур,
Зумуррадро суи кон оварад боз,
Раёҳинро ба бустон оварад боз.
РАФТАНИ ШОПУР ДИГАР БОР БА ТАЛАБИ ШИРИН
Хушо мулко, ки мулки зиндагонист,
Беҳо рӯзо, ки он рӯзи ҷавонист,
Нигин; нигини ангуштарин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё