Ҳафтахтар Ҷилди 3

Дар он зиндонсарои танг мебуд,
Чу гавҳар шаҳрбанди санг мебуд.
Ғами Хусрав рақиби хеш карда,
Дари дил бар ду олам пеш карда.
РАСИДАНИ ХУСРАВ
БА АРМАН НАЗДИ МЕҲИНБОНУ
Чу Хусрав дур шуд з-он чашмаи об,
Зи чашми обрезаш дур шуд хоб.
Ба ҳар манзил, к-аз он ҷо дуртар гашт,
Зи навмедӣ дилаш ранҷуртар гашт.
Дигар раҳ шодмон мешуд ба уммед,
Ки барн-омад ҳанӯз аз кӯҳ хуршед.
Чу ман з-ин раҳ ба машриқ мешитобам,
Магар хуршеди равшанро биёбам.
Чу гул бар марзи кӯҳистон гузар кард,
Насимаш марзбононро хабар кард.
Амалдорон баробар медавиданд,
Зару дебо ба хидмат мекашиданд.
Бутоне дид базмафрӯзу дилбанд,
Ба равшан рӯи Хусрав орзӯманд.
Хуш омад бо бутон пайвандаш он ҷо,
Мақом афтод рӯзе чандаш он ҷо.
Аз он ҷо сӯи Муқон сар бадар кард,
1
Зи Муқон сӯи Бохарзон гузар кард.
Меҳинбону чу з-ин ҳолат хабар ёфт,
Ба хидмат кардани шоҳона биштофт.
Ба истиқболи шоҳ овард парвоз,
Сипоҳе сохта бо баргу бо соз.
2
Гиромӣ нузлҳои хусравона
Фиристод аз адаб сӯи хазона.
Зи дебову ғулому гавҳару ганҷ
Дабиронро қалам дар хат шуд аз ранҷ.
Фуруд омад ба даргоҳи ҷаҳондор,
Ҷаҳондораш навозиш кард бисёр.
Ба зери тахти шаҳ курсӣ ниҳоданд,
Нишаст ӯву дигар қавм истоданд.
Шаҳаншаҳ бозпурсидаш, ки чунӣ,
Ки бодат дам ба дам айше фузунӣ,
Ба меҳмонӣ-т овардам гаронӣ,
Мабодат дарди сар з-ин меҳмонӣ!
Вилояте дар Хуросон.
Нузл - зиёфат; он чӣ, ки пеши меҳмон гузоранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё