Ҳафтахтар Ҷилди 3

Парирух з-он бутон парҳез мекард,
Дурӯғе чандро сартез мекард,
Ки шарҳи ҳоли ман лахте дароз аст,
Ба ҳозир гаштани Хусрав ниёз аст.
Чу Хусрав дар шабистон ояд аз роҳ,
Шуморо худ кунад з-ин қисса огоҳ,
Валек ин асбро доред беранҷ,
Ки ҳаст ин асбро қимат басе ганҷ.
Чу баргуфт ин сухан меҳмони танноз,
Нишонданд он канизонаш ба сад ноз.
Фишонданд оби гул бар чеҳраи моҳ,
Бибастанд асбро бар охури шоҳ.
Дигаргун зеваре карданд созаш,
Зи дур бастанд бар дебо тирозаш.
Гули васлаш ба боғи ваъда бишкуфт,
Фурӯ осуду эмин гашту хуш хуфт.
Рақибоне, ки мушку доштандӣ,
Шакарлабро каниз ангоштандӣ.
Шакарлаб бо канизон низ месохт,
Канизона бад-эшон нард мебохт.
ТАРТИБ КАРДАНИ КӮШК БАРОИ ШИРИН
Чу Ширин дар Мадоин маҳд бинҳод,
Зи ширинлаб табақҳо шаҳд бикшод.
Пас аз моҳе, к-аз осоиш асар ёфт,
Зи берун рафтани Хусрав хабар ёфт,
Ки аз бими падар шуд сӯи нахчир
В-аз он ҷо сӯи Арман кард тадбир.
Ба дард омад дилаш з-он бедавоӣ,
Ки кораш дошт, алҳақ, бенавоӣ.
Чунин то муддате дар хона мебуд,
Зи бесабрӣ дилаш девона мебуд.
Ҳақиқат шуд варо, к-он як савора,
Ки мекард андар ӯ чандон назора,
Ҷаҳонорой Хусрав буд, к-аз роҳ
Назар мекард чун Хуршед дар Моҳ.
Басе аз хештан бар хештан зад,
Фурӯ хурд он тағобунрову тан зад.
Сабурӣ кард рӯзе чанд дар кор,
Намуд он гаҳ, ки хоҳам гашт бемор,
Маро қасре ба хуррам марғзоре
Бибояд сохтан бар кӯҳсоре,
Саркашӣ, баҳона.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё