Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зи бими шоҳ мешуд дил пур аз дард,
Ду манзилро ба як манзил ҳамекард.
Қазоро, аспашон дар роҳ шуд суст,
Дар он манзил, ки он маҳ мӯй мешуст.
Ғуломонро бифармуд истодан,
1
Сутуронро улуфа барниҳодан.
Тани танҳо зи наздики ғуломон
Суи он марғзор омад хиромон.
Тавофе зад дар он фирӯзагулшан,
Миёни гулшан обе дид равшан,
Чу товусе уқобе бозбаста,
Тазарве бар лаби Кавсар нишаста.
Гиёро зери наъл оҳиста месуфт,
Дар он оҳистагӣ оҳиста мегуфт:
«Гар ин бут ҷони ман будӣ, чи будӣ
В-ар ин асп они ман будӣ, чи будӣ?!»
Набуд огаҳ, ки он шабрангу он моҳ
Ба бурҷи ӯ фуруд оянд ногоҳ.
Басо маъшуқ, к-ояд маст бар дар,
2
Сабал дар дида бошад, хоб дар сар.
Басо давлат, ки ояд бар гузаргоҳ,
Чу мард огаҳ набошад, гум кунад роҳ.
Зи ҳар сӯ кард бар одат нигоҳе,
Назар ногаҳ дарафтодаш ба моҳе,
Чу лахте дид, аз он дидан хатар дид,
Ки беш ошуфта шуд, то бештар дид.
Арӯсе дид чун моҳе муҳайё,
Ки бошад ҷои он маҳ бар Сурайё.
На моҳ, оинаи симобдода,
Чу моҳи Нахшаб аз симоб зода.
Дар оби нилгун чун гул нишаста,
Паранде нилгун то ноф баста.
Ҳама чашма зи ҷисми он гуландом
Гули бодому дар гул мағзи бодом.
Ҳавосил чун бувад дар об чун ранг,
Ҳамон равнақ дар ӯ аз обу аз ранг.
Зи ҳар сӯ шохи гесӯ шона мекард,
Бунафша бар сари гул дона мекард.
Агар зулфаш ғалат мекард коре,
Ки дорам дар буни ҳар мӯй море,
Ниҳон бо шоҳ мегуфт аз буногӯш,
Ки мавлои туам, ҳон, ҳалқабаргӯш!

Алафҳо; хӯрданӣ.
Сурхии чашм аз бехобӣ ё мастӣ.

пешина
аз 349
навбатӣ