Ҳафтахтар Ҷилди 3

То кор бад-он расид, к-аз кор
Якбора фитоду гашт бемор,
Табларза шикаст пайкарашро,
Табхола газид шаккарашро,
Болин талабид зодсарваш
В-аз сарв фитода шуд тазарваш.
Афтод чунон, ки дона аз кишт,
Сарбанди қасаб ба рух фурӯ ҳишт.
Бар модари хеш роз бикшод,
Якбора дари ниёз бикшод,
К-эй модари меҳрубон, чи тадбир,
К-оҳубара заҳр хӯрд бо шир!
Дар кӯчгаҳ уфтод рахтам,
Чун суст шудам, магир сахтам,
Хун мехурам, ин чи меҳрубонист,
Ҷон меканам, ин чи зиндагонист!
Чандон ҷигари нуҳуфта хӯрдам,
К-аз дил ба даҳан расид дардам,
Чун ҷон зи лабам нафас кушояд,
Гар роз кушода гашт, шояд.
Чун парда зи роз баргирифтам,
Падруд, ки роҳ сар гирифтам.
Дар гарданам ор даст як бор,
Хуни ману гардани ту, зинҳор,
К-он лаҳза, ки ҷон супурда бошам
В-аз дурии дӯст мурда бошам,
Сурма-м зи ғубори дӯст даркаш,
Нилам зи ниёзи дӯст баркаш,
Фарқам зи гулоби ашк тар кун,
1
Атрам зи шамомаи ҷигар кун,
2
Барбанд ҳанутам аз гули зард,
Кофур фишонам аз дами сард,
Хун кун кафанам, ки ман шаҳидам,
То бошад ранги рӯзи идам,
Ороста кун арӯсворам,
Биспор ба хоки пардадорам!
Овораи ман чу гардад огоҳ,
К-овора шудам ман аз ватангоҳ,
Донам, ки зи роҳи сӯгворӣ
Ояд ба саломи ин аморӣ.
Чун бар сари хоки ман нишинад,
Маҳ ҷӯяд, лек хок бинад.
Хушбӯӣ.
Хушбӯиҳо барои мурда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор