Ҳафтахтар Ҷилди 3

К-онон, ки зи ғарқагаҳ гурезанд,
З-андешаи бод рахт резанд.
Он сабзаи чархи лоҷвардӣ
Хайрӣ шавад аз ғубори зардӣ.
Рӯбоҳи зи раҳ фитода дар роҳ
Олуда ба хун чу мӯи рӯбоҳ.
Нозукҷигарони боғ ранҷур,
Шириннамакони ток махмур.
1
Андохта ҳиндуи кадевар
Зангибачагони токро сар.
Сарҳои биҳӣ зи турраи кох
Овехта хам ба турраи шох.
Себ аз занахе бад-он нагунӣ
Бар нор занахзанон, ки чунӣ?
Нор аз ҷигари кафидаи хеш
Хуноба чаконда бар дили реш.
Бар писта, ки шуд даҳандарида,
2
Унноб зи дур лаб газида.
Норинҷ зи рӯи гирдрӯӣ
Бурда зи турунҷ мушкбӯӣ.
Деҳқон зи хуми майи муғона
Сармаст шуда ба сӯи хона.
Дар маъракаи чунин хазоне
Шуд захмрасида гулситоне -
Лайлӣ зи сарири сарбаландӣ
Афтод ба чоҳи дардмандӣ,
Шуд чашмзада баҳори боғаш,
Зад бод тапонча бар чароғаш,
3
Он сар, ки исобаҳои зар баст,
Худро ба исобаи дигар баст.
Гашт он тани нозуки қасабпӯш
Чун тори қасаб заифу бетӯш.
Шуд бадри маҳӣ-ш чун ҳилоле
В-он сарви сиҳӣ-ш чун хаёле.
Савдои дилаш ба сар даромад,
Сарсоми сараш ба дил баромад.
Гармои тамуз жоларо бурд,
Бод омаду барги лоларо бурд.
З-он рӯз, ки ёр аз ӯ ҷудо шуд,
Сарваш зи гудохтан гиё шуд.
Дар хотираш он фироқ раҳ кард,
Савдои варо яке ба даҳ кард.
1
Кадхудо, соҳибхона; боғбон, деҳқон.
Мевае сурхранг.
Ҷомаи сарбандӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор