Ҳафтахтар Ҷилди 3

«ЛАЙЛӢ ВА МАҶНУН»
ОҒОЗИ ДОСТОН
Гӯяндаи достон чунин гуфт
Он лаҳза, ки дурри ин сухан суфт,
К-аз мулки Араб бузургворе
Будаст ба хубтар диёре.
Бар омириён кифоят ӯро,
Маъмуртарин вилоят ӯро.
Хоки Араб аз насими номаш
1
Хушбӯйтар аз раҳиқи ҷомаш.
Соҳибҳунаре, ба мардумӣ тоқ,
Шоистатарини ҷумла офоқ.
Султони Араб ба комгорӣ,
Қоруни Аҷам ба молдорӣ.
Дарвешнавозу меҳмондӯст,
Иқбол дар ӯ чу мағз дар пӯст.
Мебуд халифавор машҳур,
Аз бехалафӣ чу шамъи бенур.
Муҳтоҷтар аз садаф ба фарзанд,
Чун хӯша ба дона орзӯманд.
Дар ҳасрати он ки дасти бахташ
Шохе бадар орад аз дарахташ,
Яъне, ки чу сарвбун бирезад,
Сарве дигараш зи бун бихезад.
То чун ба чаман расад тазарве,
Сарве бинад ба ҷои сарве.
Гар сарвбуни куҳан набинад,
Дар сояи сарви нав нишинад.
Зинда-ст касе, ки дар диёраш
Монад халафе ба ёдгораш.
Мекард бад-ин тамаъ карамҳо,
Медод ба соилон дирамҳо.
Бадре ба ҳазор бадра меҷуст,
Мекошт суман, вале намеруст.
Дур металабиду дур намеёфт
В-аз дурталабӣ инон наметофт
В-огаҳ на, ки дар ҷаҳондирангӣ
Пӯшида бувад салоҳрангӣ,
Ҳар-ч он талабӣ, агар набошад,
Аз маслиҳате бадар набошад.
Шароби ноб.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо