Ҳафтахтар Ҷилди 3

Чу бошад мутриби зангиву русӣ,
Нашояд кард аз ин беҳтар арӯсӣ!
Ду соҳибтоҷро ҳамтахт карданд,
Дари гунбад бар эшон сахт карданд
В-аз он ҷо бозпас гаштанд ғамнок,
Навиштанд ин масал бар лавҳи он хок,
Ки ҷуз Ширин, ки дар хоки дурушт аст,
Касе аз баҳри кас худро накуштаст…
Ту, к-аз ибрат бад-ин афсона монӣ,
Чи пиндорӣ, магар афсона хонӣ?
Дар ин афсона шарт аст ашк рондан,
Гулобе талх бар Ширин фишондан.
Ба ҳукми он ки он камзиндагонӣ
Чу гул барбод шуд рӯзи ҷавонӣ!
Сабукрав чун бути қипчоқи ман буд,
Гумон афтод худ, к-Офоқи ман буд -
Ҳумоюнпайкаре нағзу хирадманд,
Фиристода ба ман дорои Дарбанд,
Парандаш диръу аз диръ оҳанинтар,
Қабо-ш аз пераҳан тангостинтар,
Саронро гӯш бар молиш ниҳода,
Маро дар ҳамсарӣ болиш ниҳода,
Чу туркон гашта сӯи кӯч муҳтоҷ,
Ба туркӣ дода рахтамро ба тороҷ,
Агар шуд туркам аз хиргаҳ ниҳонӣ,
Худоё, туркзодамро ту донӣ!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо