Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бифармудаш ба расми шаҳриёрӣ
Каёнӣ маҳде аз уди қиморӣ.
Гирифта маҳдро дар тахтаи зар,
Баромуда ба марвориду гавҳар,
Ба оини мулуки порсиаҳд
Бихобонид Хусравро дар он маҳд.
Ниҳод он маҳдро бар дӯши шоҳон,
Ба Машҳад бурд вақти субҳгоҳон.
Ҷаҳондорон шуда яксар пиёда,
Ба гирдогирди он маҳ истода.
Қалам з-ангушт рафта Борбадро,
Бурида чун қалам ангушти худро.
Бузургуммед хурдуммед гашта,
Ба ларзонӣ чу барги бед гашта.
Ба овози заиф афғон баровард,
Ки моро марги шоҳ аз ҷон баровард.
Паноҳу пушти шоҳони Аҷам ку,
Сипаҳсолору шамшеру алам ку,
Куҷо, к-он хусрави дунё-ш хонанд,
Гаҳе Парвизу гаҳ Кисро-ш хонанд?
Чу дар роҳи раҳил омад раворав,
Чи Ҷамшеду чи Кисрову чи Хусрав!
Кушодасар канизону ғуломон,
Чу сарве дар миён Ширин хиромон.
Ниҳода гавҳарогин ҳалқа дар гӯш,
Фиканда ҳалқаҳои зулф бар дӯш.
Кашида сурмаҳо дар наргиси маст,
Арӯсона нигор афканда бар даст.
Паранде зард чун Хуршед бар сар,
Ҳарире сурх чун Ноҳид дар бар,
Паси маҳди малик сармаст мешуд,
Касе, к-он фитна дид, аз даст мешуд.
Кушода пой дар майдони аҳдаш,
Гирифта рақс дар поёни маҳдаш.
Гумон афтод ҳар касро, ки Ширин
Зи баҳри марги Хусрав нест ғамгин.
Ҳамон Шерӯяро низ ин гумон буд,
Ки Ширинро бад-ӯ дил меҳрубон буд.
Ҳама раҳ пойкӯбон мешуд он моҳ,
Бад-ин сон то ба гунбадхонаи шоҳ.
Паси ӯ-дар ғуломону канизон
Зи наргис бар суман симобрезон.

пешина
аз 349
навбатӣ