Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сарире дид, сар бетоҷ карда,
Чароғе равғанаш тороҷ карда.
Хазина даркушода, ганҷ бурда,
Сипаҳ рафта, сипаҳсолор мурда.
Ба гиря соате шабро сияҳ кард,
Басе бигрист в-он гаҳ азми раҳ кард.
Гулобу мушк бо анбар баромехт,
Бар он андоми хунолуд ме-рехт.
Фурӯ шусташ ба гул-обу ба кофур
Чунон, к-аз равшанӣ метофт чун нур.
Чунон базме, ки шоҳонро тирозанд,
Бисозидаш, к-аз он беҳтар насозанд.
Чу шаҳро карда буд ороише чуст,
Ба кофуру гулоб андоми ӯ шуст.
Ҳамон ороиши худ низ нав кард,
Бад-ин андеша сад дилро гарав кард.

ХОСТГОРИИ ШЕРӮЯ ШИРИНРО

Дили Шерӯя Ширинро бибоист,
Валекин бо касе гуфтан нашоист.
Ниҳонӣ кас фиристодаш, ки хуш бош,
Яке ҳафта дар ин ғам боркаш бош.
Чу ҳафта бигзарад, моҳи дуҳафта
Шавад дар боғи ман чун гул шукуфта.
Худовандӣ диҳам бар ҳар гурӯҳаш,
Зи Хусрав бештар дорам шукӯҳаш.
Чу ганҷаш зери зар пӯшида дорам,
Калиди ганҷҳо ӯро супорам!
Чу Ширин ин суханҳоро ниюшид,
Чу сирка тунд шуд, чун май биҷӯшид.
Фиребаш дод, то бошад шикебаш,
Ниҳод он куштанӣ дил бар фиребаш.
Пас он гаҳ ҳар чи буд асбоби Хусрав,
Зи мансуҷи куҳан то кисвати нав,
Ба муҳтоҷону маҳрумон нидо кард,
Зи баҳри ҷони шоҳаншаҳ фидо кард.

ҶОН ДОДАНИ ШИРИН ДАР ДАХМАИ ХУСРАВ

Чу субҳ аз хоби нӯшин сар баровард,
Ҳалоки ҷони ширин бар сар овард.
Сиёҳе аз Ҳабаш кофур мебурд,
Шуд андар нимараҳ кофурдон хурд.
Зи қалъа зангие дар Моҳ медид,
Чу Маҳ дар қалъа шуд, зангӣ бихандид.

пешина
аз 349
навбатӣ