Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зи рашки наргиси масташ хурӯшон
Ба бозори Ирам райҳонфурӯшон.
Ба идорой абрӯи ҳилолӣ
Надидаш кас, ки ҷон наспурд ҳолӣ!
Ба ҳайрат монда Маҷнун дар хаёлаш,
Ба қоим ронда Лайлӣ бо ҷамолаш.
Ба фармоне, ки хоҳад халқро кушт,
Ба дасташ даҳ қалам, яъне даҳ ангушт!
Маҳ аз хубӣ-ш худро хол хонда,
Шаб аз холаш китоби фол хонда.
1
Зи гӯшу гарданаш луълӯ хурӯшон,
Ки раҳмат бар чунон луълӯфурӯшон!
Ҳадисеву ҳазор ошӯби дилбанд,
Лабеву сад ҳазорон бӯса чун қанд,
Сари зулфе зи нозу дилбарӣ пур,
Лабу дандоне аз ёқуту аз дур,
Аз он ёқуту он дурри шакарханд
2
Муфарреҳ сохта савдоие чанд.
Ҳунар саргашта бар рӯи чу моҳаш,
Дилу ҷон фитна бар зулфи сиёҳаш,
Ҳунар фитна шуда бар ҷони покаш,
Набишта уҳдаи анбар ба хокаш.
Рухаш насрину бӯяш низ насрин,
Лабаш ширину номаш низ Ширин.
Шакарлафзон рухашро нӯш хонанд,
Валиаҳди Меҳинбону-ш хонанд.
Парирӯён, к-аз он кишвар амиранд,
Ҳама дар хидматаш фармонпазиранд,
Зи меҳтарзодагони моҳпайкар
Бувад дар хидматаш ҳафтод духтар,
Ба хубӣ ҳар яке ороми ҷоне,
Ба зебоӣ диловези ҷаҳоне,
Ҳама ороста бо рӯду ҷоманд,
Чу маҳ манзил ба манзил мехироманд.
Гаҳе бар хирмани маҳ мушк пӯшанд,
Гаҳе дар хирмани гул бода нӯшанд,
Зи бурқаъ нест-шон бар рӯй банде,
Ки н-орад чашмзахм он ҷо газанде!
Ба хубӣ дар ҷаҳон ёре надоранд,
Ба гетӣ ҷуз тараб коре надоранд,
Чу бошад вақти зӯр, он зӯрмандон
Кананд аз шер чанг, аз пил дандон,
Ба ҳамла ҷони оламро бисӯзанд,
Ба новак чашми кавкабро бидӯзанд!

Гавҳар (гуҳар).
Фараҳбахш; доруе барои бемории савдоӣ.

пешина
аз 349
навбатӣ