Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агар ҳури биҳиштӣ ҳаст машҳур,
Биҳишт аст он тараф в-он луъбатон – ҳур!
Меҳинбону, ки он иқлим дорад,
Басе з-ин гуна зарру сим дорад.
СИФАТИ ШАБДИЗ
Бар охур баста дорад раҳнаварде,
К-аз ӯ дар так наёбад бод гарде.
Сабақ бурда зи ваҳми файласуфон,
Чу мурғобӣ натарсад з-оби тӯфон.
Ба як сафро, ки бар хуршед ронда,
Фалакро ҳафт майдон боз монда.
Ба гоҳи кӯҳкандан оҳанинсум,
1
Гаҳи дарёбуридан хайзарондум.
Замонагардишу андешарафтор,
Чу шаб корогаҳу чун субҳ бедор.
Ниҳода номи он шабранг Шабдиз,
Бар ӯ ошиқтар аз мурғи шабовез.
Яке занҷири зар пайваста дорад,
Бад-он занҷир пояш баста дорад.
На ширинтар зи Ширин халқ дидам,
На чун Шабдиз шабранге шунидам!» -
Чу баргуфт ин сухан Шопури ҳушёр,
Фароғат хуфта гашту ишқ бедор.
Якояк меҳр бар Ширин ниҳоданд,
Бад-он ширинзабон иқрор доданд,
Ки устоде, ки дар Чин нақш бандад,
Писандида бувад, ҳар ч-ӯ писандад.
Чунон ошуфта шуд Хусрав бад-он гуфт,
К-аз он савдо на осуду на мехуфт.
Ҳама рӯз ин ҳикоят бозмеҷуст,
Ҷуз ин тухм аз димоғаш барнамеруст.
Дар ин андеша рӯзе чанд мебуд,
Ба хушкафсонае хурсанд мебуд.
Чу кор аз даст шуд, дасте баровард,
Сабуриро ба сар пое даровард,
Ба хилват достони хондаро хонд,
Басе з-ин достон бо вай сухан ронд,
Бад-ӯ гуфт: «Эй бакоромад вафодор,
Ба кор оям кунун, к-аз даст шуд кор!
Чу бунёде бад-ин хубӣ ниҳодӣ,
Тамомаш кун, ки марде устодӣ,
Хайзарон - чӯби рости сахт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё