Ҳафтахтар Ҷилди 3

Ду шаккар чун ақиқи обдода,
Ду гесӯ чун каманди тобдода,
Хами гесӯ-ш тоб аз дил кашида,
Ба гесӯ сабзаро бар гил кашида.
Шуда гарм аз насими мушкбезаш
Димоғи наргиси беморхезаш.
Фусунгар карда бар худ чашми худро,
Забон баста ба афсун чашми бадро.
Ба сеҳре, к-оташи дилҳо кунад тез,
Лабашро сад забон, ҳар сад шакаррез.
Намак дорад лабаш дар ханда пайваст,
Намак ширин набошад в-они ӯ ҳаст!
Ту гӯӣ, биниаш теғест аз сим,
Ки кард он теғ себеро ба ду ним!
1
Зи моҳаш сад қасабро рахна ёбӣ,
Чу моҳаш рахнае бар рух наёбӣ.
Ба шамъаш-бар басе парвона бинӣ,
Зи нозаш сӯи кас парво набинӣ!
2
Сабо аз зулфи рӯяш ҳуллапӯш аст,
3
Гаҳе қоқум, гаҳе қундузфурӯш аст.
45
Муваккал карда бар ҳар ғамза ғунҷе,
6
Занах чун себу ғабғаб чун турунҷе.
Рухаш тақвими анҷумро зада роҳ,
Фишонда даст бар хуршеду бар моҳ.
Ду пистон чун ду симин нори навхез,
Бар он пистон гули бустон дирамрез.
Зи лаълаш бӯсаро посух нахезад,
Ки лаъл ар вокушояд, дур бирезад,
Ниҳода гардан оҳу гарданашро,
Ба оби чашм шуста доманашро,
Ба чашми оҳувон он чашмаи нӯш
Диҳад шерафканонро хоби харгӯш!
Ҳазор оғӯшро пур карда аз хор,
7
Як оғӯш аз гулаш ночида дайёр.
Шабе сад кас фузун бинад ба хобаш,
Набинад кас шабе чун офтобаш.
Гар андоза зи чашми хеш гирад,
Бар оҳуе сад оҳу беш гирад.
1
Ҷомаи тунук.
2
Пӯшиданӣ, либос.
3
Қоқум ва қундуз – ҳайвонҳое, ки аз пӯсташон либосҳои гаронбаҳо медӯхтанд.
4
Шахсе, ки коре ба ӯ супурда шудааст.
5
Ишва, ноз.
Меваи хушбӯе.
Мулк; бошанда, сокин («Ғиёс»).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё