Ҳафтахтар Ҷилди 3

Ҳамон куҳбад, ки нопайдост дар кӯҳ,
Ба парвози қаноат раст аз анбӯҳ.
Ҷаҳон чун мори афъӣ печ-печ аст,
Туро он беҳ, к-аз ӯ дар даст ҳеч аст.
Чу аз дасти ту н-ояд ҳеҷ коре,
Ба дасти дигарон мегир море.
Чу дар бандӣ, бад-он мебош хурсанд,
Ки ту ганҷӣ, бувад ганҷина дар банд
В-агар дар чоҳ ёбӣ пояи хеш,
Саодатномаи Юсуф бинеҳ пеш.
Чу зер аз қадри ту ҷои ту бошад,
Алам дон, ҳар ки болои ту бошад.
Ту пиндорӣ, ки ту кам қадр дорӣ,
Туӣ ту, к-аз ду олам садр дорӣ,
Дили олам туӣ, дар худ мабин хурд,
Бад-ин ҳиммат тавон гӯй аз ҷаҳон бурд.
Чунон дон, к-Эзид аз халқат гузидаст,
Ҷаҳон хос аз пайи ту офаридаст.
Бад-ин андеша чун дилшод гардӣ,
Зи банди тоҷу тахт озод гардӣ.
В-агар бошӣ ба тахту тоҷ муҳтоҷ,
Заминро тахт кун, хуршедро тоҷ.
Бад-ин таскин зи Хусрав сӯз мебурд,
Бад-ин афсона хуш-хуш рӯз мебурд.
Шаб омад, ҳамчунон он сарви озод
Сухан мегуфту шаҳро дил ҳамедод.
КУШТАНИ ШЕРӮЯ ХУСРАВРО
Шабе торик нур аз моҳ бурда,
Фалакро ғӯлвор аз роҳ бурда.
Замона бо ҳазорон даст безӯр,
Фалак бо сад ҳазорон дида шабкӯр.
Шаҳаншаҳ пойро бо банди заррин
Ниҳода бар ду симинсоқи Ширин.
Бути занҷирмӯй аз симгун даст
Ба занҷири зараш-бар муҳра мебаст.
Зи шафқат соқҳои бандсояш
Ҳамемолиду мебӯсид пояш.
Ҳикоятҳои меҳрангез мегуфт,
Ки бар бонги ҳикоят хуш тавон хуфт.
Ба ҳар лафзе даҳан пурнӯш медошт,
Бар овози шаҳаншаҳ гӯш медошт.
Чу Хусрав хуфту камтар шуд ҷавобаш,
Ба Ширин-дар сироят кард хобаш.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо