Ҳафтахтар Ҷилди 3

Дар ин кишвар, ки ҳаст аз тирароӣ
Сияҳ кофуру аъмо рӯшноӣ,
Бибояд сохт бо ҳар нописанде,
Ки арзад риши гове ришханде.
Ситези рӯзгор аз шарм дур аст,
Аз ӯ дурӣ талаб, к-озарм дур аст.
Ду касро рӯзгор озарм додаст,
Яке, к-ӯ мурду дигар, к-ӯ назодаст.
Намонад кас дар ин дайри сипанҷӣ,
Ту низ ар ҳам намонӣ, то наранҷӣ.
Агар будӣ ҷаҳонро пойдорӣ,
Ба ҳар кас чун расидӣ шаҳриёрӣ?
Фалак гар мамлакат поянда додӣ,
Зи Кайхусрав ба Хусрав кай фитодӣ?
Касе, к-ӯ дил бар ин гулзор бандад,
Чу гул з-он бештар гиряд, ки хандад.
Агар дунё намонад бо ту, махрӯш,
Чунон пиндор, к-афтад борат аз дӯш.
Зи ту ё мол монад, ё ту монӣ,
Пас он беҳ, к-ӯ намонад, то ту монӣ.
Чу барбат ҳар ки ӯ шодипазир аст,
Зи дарди гӯшмолаш ногузир аст.
Бизан чун офтоб оташ дар ин дайр,
Ки бе Исо наёбӣ дар харон хайр.
Чи мор аст ин, ки чун Заҳҳоки хунхор
Ҳам аз пушти ту ангезад туро мор?
Ба шаҳватрезае, к-аз пушт рондӣ,
Уқубат бин, ки чун бепушт мондӣ.
Дар ин пушта манеҳ бар пушт боре
Шикамворе талаб, на пуштворе.
1
Ба иннину сатарван бин, ки растанд,
Ки бар пушту шикам чизе набастанд.
Гарат ақлест, бепайванд мебош,
Бад-он ч-ат ҳаст, аз ӯ хурсанд мебош.
На эминтар зи хурсандӣ ҷаҳонест,
На беҳ з-осудагӣ нузҳатситонест.
Чу ноне ҳасту обе, пой даркаш,
Ки ҳаст озодтабъӣ кишваре хуш.
Ба хурсандӣ баровар сар, ки растӣ,
Балои маҳкам омад сарпарастӣ.
Ҳамон зоҳид, ки шуд дар домани ғор,
Ба хурсандӣ мусаллам гашт аз ағёр.
Зану марди бенасл.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо