Ҳафтахтар Ҷилди 3

ҒАЗАЛ ГУФТАНИ НАКИСО АЗ ЗАБОНИ ШИРИН
Накисо бар тариқе, к-он санам хост,
Фурӯ гуфт ин ғазал дар пардаи рост:
Махусб, эй дидаи давлат, замоне,
Магар, к-аз хушдилӣ ёбӣ нишоне.
Барой аз кӯҳи сабр, эй субҳи уммед,
Диламро чашм равшан кун ба Хуршед.
Бисоз, эй бахт, бо ман рӯзаке чанд,
Калиде хоҳу бикшой аз ман ин банд.
Зи сар берун кун, эй толеъ, гаронӣ,
Раҳо кун, то тавонӣ, нотавоне.
Ба айёрӣ барор, эй дӯст, дасте,
Барафкан лашкари ғамро шикасте.
Ҷигар дар тобу дил дар мавҷи хун аст,
Гар орӣ раҳмате, вақташ кунун аст.
На з-ин афтодатар ёбӣ заифе,
На з-ин бечоратар ёбӣ ҳарифе.
Агар бар каф надонам рехт обе,
Тавонам кард бар оташ кабобе,
В-агар ҷуллоб доданро нашоям,
Фуқоеро ба даст, охир, кушоям
В-агар нақше надонам дӯхт охир,
Сипанди хона донам сӯхт охир
В-агар чине надонам дарнишондан,
Тавонам гарде аз доман фишондан.
Маяндозам чу соя бар сари хок,
Ки ман худ уфтодам зору ғамнок.
Чу маҳ дар хона парвине-т бояд,
Чу Зуҳра дардбарчине-т бояд.
Сароятро ба ҳар хидмат, ки хоҳӣ,
Канизӣ мекунам даъвӣ, на шоҳӣ.
Маро пурсӣ, ки чунӣ з-орзӯям,
Чу медониву мепурсӣ, чи гӯям?
Ғарибе чун бувад ғамхор монда,
Зи кор афтодаву дар кор монда,
Чу гул дар ошиқӣ парда дарида,
Зи олам рафтаву олам надида.
Чу хок омоҷгоҳи тир гашта,
Чу лола дар ҷавонӣ пир гашта,
Ба уммеде ҷаҳон барбод дода,
Ба пиндоре бад-ин рӯз уфтода.
На ҳампуште, ки пуштам гарм дорад,
На бахте, к-аз ғарибон шарм дорад.
Масал зад ғарқа, чун мемурд бе рахт,
Ки бояд мурдаро низ аз ҷаҳон бахт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё