Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тараннумшон хумор аз гӯш мебурд,
Яке дил доду дигар ҳуш мебурд.
Ба нола синаро сӯрох карданд,
Ғуломонро ба шаҳ густох карданд.
Малик фармуд, то яксар ғуломон
Бурун рафтанд чун кабки хиромон,
Муғаннӣ монду шоҳаншоҳу Шопур,
Шуданд он дигарон аз боргаҳ дур.
1
Ситои Борбад дастон ҳамезад,
Ба ҳушёрӣ раҳи мастон ҳамезад.
Накисо чангро хуш карда оғоз,
Фиканда арғунунро захма бар соз.
Малик бар ҳарду ҷон андоз карда,
Дари ганҷу дари дил боз карда.
Чу з-ин хиргоҳи гардон дур шуд шоҳ,
Баромад чун рухи хиргоҳиён моҳ,
Ба гирди хиргаҳи он чашмаи нур
Тавофе кард чун парвона Шопур.
Зи кунҷи парда гуфт он ҳотифи ҷон,
К-аз ин мутриб якеро сӯи ман хон,
Бад-ин даргаҳ нишонаш соз дар чанг,
Ки то бар сӯзи ман бардорад оҳанг,
Ба ҳасби ҳоли ман пеш оварад соз,
Бигӯяд, он чи ман гӯям бад-ӯ, боз!
Накисоро бар он дар бурд Шопур,
Нишондаш як-ду гом аз пешгаҳ дур,
К-аз ин хиргоҳи маҳрам дида бардӯз,
Самоъи хиргаҳӣ аз вай даромӯз,
Наво бар тарзи ин хиргоҳ мезан,
Раҳе, к-ӯ гӯядат, он роҳ мезан!
Аз ин сӯ Борбад чун булбули маст,
Зи дигар сӯ Накисо, чанг бар даст,
Фурӯғи шамъҳои анбаролуд
Биҳиште буд аз оташ, боғе аз дуд.
Наво бозикунон дар пардаи танг,
Ғазал гесӯкашон дар домани чанг.
Ба гӯши чанг дар абрешими соз
Фиканда ҳалқаҳои маҳрам овоз.
Малик дил дода, то мутриб чи созад,
Кадомин роҳу дастонро навозад.
Нигори хиргаҳӣ бо мутриби хеш
Ғами дил гуфт, к-ин баргӯ, маандеш!

Сито, сато - мухаффафи сетор (ситор), сози мусиқӣ: ба маънои лаҳни мусиқии мансуб ба Борбад ҳам ҳаст.

пешина
аз 349
навбатӣ