Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дили равшан ба таълимаш барафрӯхт
В-аз ӯ бисёр ҳикматҳо даромӯхт.
Зи паргори Зуҳал то маркази хок,
Фурӯ хонд офаринишҳои афлок,
Ба андак умр шуд дарёдаруне
Ба ҳар фанне, ки гуфтӣ, зуфунуне,
Дил аз ғафлат ба огоҳӣ расидаш,
Қадам бар пояи шоҳӣ расидаш.
Чу пайдо шуд бар он ҷосуси асрор
Ниҳониҳои ин гарданда паргор,
Зи хидмат хуштараш н-омад ҷаҳоне,
Набудӣ фориғ аз хидмат замоне.
Ҷаҳондор аз ҷаҳонаш дӯсттар дошт,
Ҷаҳон чи б-вад, зи ҷонаш дӯсттар дошт,
Зи баҳри ҷондарозӣ-ш аз ҷаҳон шоҳ
Зи ҳар дасте дарозӣ кард кӯтоҳ…

БА ХОБ ДИДАНИ ХУСРАВ НИЁИ ХЕШ АНӮШЕРВОНРО

Чу омад зулфи шаб дар атрсоӣ,
Ба торикӣ фурӯ шуд рӯшноӣ,
Бурун омад зи парда сеҳрсозе,
1
Шашандозе ба ҷои шишабозе,
Ба тоатхона шуд Хусрав, камар баст,
Ниёиш кард Яздонрову биншаст,
Ба бархурдорӣ омад хоби нӯшин,
Ки бар нохӯрда буд аз хоби дӯшин,
Ниёи хештанро дид дар хоб,
Ки гуфт: «Эй тозахуршеди ҷаҳонтоб,
Агар шуд чор мавлои азизат,
Башорат медиҳам бар чор чизат:
Яке - чун туршии он ғӯра хӯрдӣ,
Чу ғӯра з-он турушрӯӣ накардӣ,
Дилороме туро дар бар нишинад,
К-аз ӯ ширинтаре даврон набинад.
Дувум - чун маркабатро пай буриданд
В-аз он бар хотират гарде надиданд,
Ба даст орӣ чунон шоҳона тахте,
Ки бошад рост чун заррин дарахте,
Ба шабранге расӣ, Шабдиз номаш,
Ки сарсар дарнаёбад гарди гомаш!
Савум - чун шаҳ ба деҳқон дод тахтат
В-аз он тундӣ нашуд шӯрида бахтат.

Шашандоз - киноя аз Моҳ; шишабоз – киноя аз Офтоб.

пешина
аз 349
навбатӣ