Ҳафтахтар Ҷилди 3

Чаҳорум - чун сабурӣ кардӣ оғоз
Дар он парда, ки мутриб гашт бесоз,
Навосозе диҳандат, Борбад ном,
Ки бар ёдаш гуворад заҳр дар ҷом.
Ба ҷои санг хоҳӣ ёфтан зар,
Ба ҷои чор муҳра чор гавҳар!»
Маликзода чу гашт аз хоб бедор,
Парастиш кард Яздонро дигар бор.
Забонро рӯзу шаб хомӯш медошт,
Намудори ниёро гӯш медошт.
Ҳама шаб бо хирадмандон нахуфтӣ,
Ҳикоят бозпурсидиву гуфтӣ.
ҲИКОЯТ КАРДАНИ ШОПУР
АЗ ШИРИНУ ШАБДИЗ
Надиме хос будаш, ном Шопур,
Ҷаҳон гашта зи Мағриб то Лаҳовур,
Зи наққошӣ ба Монӣ мужда дода,
Ба рассомӣ-дар Уқлидус кушода,
Қаламзан чобуке, суратгаре чуст,
Ки бе килк аз хаёлаш нақш меруст,
Чунон дар лутф будаш обдастӣ,
Ки бар об аз латофат нақш бастӣ,
Замин бӯсид пеши тахти Парвиз,
Фурӯ гуфт ин суханҳои диловез,
Ки «Гар фармон диҳад шоҳи ҷаҳонам,
Бигӯям садяк, аз чизе, ки донам!»
Ишорат кард Хусрав, к-«Эй ҷавонмард,
Бигӯ гарму макун ҳангомаро сард!»
Забон бикшод Шопури сухангӯй,
Суханро баҳра дод аз рангу аз бӯй,
Ки «То гетист, гетӣ банда бодат,
Замона солу маҳ фархунда бодат,
Ҷамолатро ҷавонӣ ҳамнафас бод,
Ҳамеша бар муродат дастрас бод,
Ғамин бод он, ки ӯ шодат нахоҳад,
Хароб он кас, ки ободат нахоҳад!
1
Басе гаштам дар ин хиргоҳи шаштоқ
Шигифтиҳо басе дидам дар офоқ,
Аз он сӯи куҳистон манзиле чанд,
2
Ки бошад фурзаи дарёи Дарбанд,
Дунё.
Соҳил.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё