Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Падар тартиб кард омӯзгораш,
Ки то зоеъ нагардад рӯзгораш.
Бар ин гуфтор-бар бигзашт якчанд,
Ки шуд дар ҳар ҳунар Хусрав ҳунарманд,
Чунон қодирсухан шуд дар маъонӣ,
Ки баҳре гашт дар гавҳарфишонӣ,
Фасеҳе, к-ӯ сухан чун об гуфтӣ,
Сухан бо ӯ ба устурлоб гуфтӣ,
Чу аз борикбинӣ мӯй месуфт,
Ба борикӣ сухан чун мӯй мегуфт,
Пас аз нуҳсолагӣ мактаб раҳо кард,
Ҳисоби ҷанги шеру аждаҳо кард.
Чу бар даҳсолагӣ афканд бунёд,
Сари сисолагон медод барбод.
Ба сарпанҷа шудӣ бо панҷаи шер,
Сутунеро қалам кардӣ ба шамшер,
Ба тир аз мӯй бикшодӣ гиреҳро,
Ба найза ҳалқа бирбудӣ зиреҳро.
Дар он омоҷ, к-ӯ кардӣ камон боз,
Зи табли Зуҳра кардӣ таблаки боз,
Касе, к-ӯ даҳ камон ҳолӣ кашидӣ,
Камонашро ба ҳаммолӣ кашидӣ,
Зи даҳ душман камандаш хомтар буд,
Зи нуҳ қабза хадангаш томтар буд.
Будӣ, гар худ будӣ деви сапеде,
Ба пеши беди баргаш барги беде.
Чу барқи найзаро бар санг рондӣ,
Синон дар синаи хоро нишондӣ!
Чу умр омад ба ҳадди чордаҳ сол,
Баромад мурғи донишро пару бол,
Назар дар ҷустаниҳои ниҳон кард,
Ҳисоби неку бадҳои ҷаҳон кард.

СИФАТИ БУЗУРГУМЕД

Бузургуммед марде буд доно,
Бузургуммед аз ақлу тавоно,
Замин ҷав-ҷав шуда дар зери пойаш,
Фалакро ҷав ба ҷав паймуда ройаш,
Ба даст оварда асрори ниҳонӣ,
Калиди ганҷҳои осмонӣ.
Талаб кардаш ба хилват шоҳзода,
Забон чун теғи ҳиндӣ баркушода,
Ҷавоҳир ҷуст аз он дарёи фарҳанг,
Ба чанг оварду зад бар доманаш чанг,

пешина
аз 349
навбатӣ