Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гарам бояд, чу май дар ҷомат орам,
Ба зулфи чун расан бар бомат орам,
Вале бод аз расан поят рабуда-ст,
Расанбозӣ намедонӣ, чи суд аст.
Ҳамон беҳ, к-он чи ман дидам ба доғат,
Насӯзам равғани худ дар чароғат.
Зи ҷӯши хуни дил чун бозгуфтам,
Шабат хуш боду рӯзат хуш, ки рафтам!
Бигуфт ину чу сарв аз ҷой бархост,
Ҷабинро каҷ гирифту фарқро рост.
Паранд афшонд в-аз тарфи парандаш
Ҷаҳон пур шуд зи қолабҳои қандаш.
Бад-он оин, ки хубонро бувад даст,
Занахдон мекушоду зулф мебаст.
1
Ҷамоли хешро дар хаззухоро
Ба пӯшидан ҳамекард ошкоро.
Гаҳе мекард насринро қасабпӯш,
Гаҳе мезад шақоиқ бар буногӯш.
Гаҳе бар фарқбанд ошуфта мебуд,
Гиреҳ мебасту бар маҳ мушк месуд.
Ба зевар рост кардан дер мешуд,
Ки пояш бар сари шамшер мешуд.
Зи некӯ кардани занҷири халхол
На некӯ кард бар занҷириён ҳол.
Зи гесӯ гаҳ камар мекарду гаҳ тоҷ,
Бад-он тоҷу камар шаҳ гашта муҳтоҷ.
Шақоиқ бастанаш бар гардани моҳ
Каманд андохта бар гардани шоҳ.
Дар он ҳалвопазӣ кард оташе нарм,
Ки ҳалворо бисӯзад оташи гарм.
Чу ҳар ҳафт, он чи боист аз накӯӣ,
Бикард он хубрӯй аз хубрӯӣ,
Ба шӯхӣ пушт бар шаҳ кард ҳолӣ,
Зи хуршед осмонро кард холӣ.
Дар он печиш, ки зулфаш тоб медод,
Суринаш соқро симоб медод,
Ба гесӯи расанвор аз паси пушт
Чу афъӣ, ҳар киро медид, мекушт.
Булӯрин гарданаш дар тавқсозӣ
Бад-он мушкин расан мекард бозӣ.
Диле, к-аз ишқи он гардан ҳамемурд,
Расан дар гарданаш бо худ ҳамебурд.

Хаззу хоро – навъҳои матоъҳои ҳарир.

пешина
аз 349
навбатӣ