Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба ёди ман, ки бод ин ёд бадруд,
Наво хуш мезанӣ, гар нагсилад рӯд.
Ба тундӣ чанд гӯӣ бо асирон,
Ту мегӯ, то нависандат дабирон.
Зи ғам хӯрдан диле озод дорӣ,
Ба дам додан саре пурбод дорӣ.
Чи бояд бо ту хун хӯрдан ба соғар,
Ба ҳам фарбеҳ шудан чун меши лоғар.
Зи ту гар кори ман бад гашт, бигзор,
Худое ҳаст, к-ӯ некӯ кунад кор.
Ман обам, ном оби зиндагонӣ,
Ту оташ, номи он оташ ҷавонӣ,
Нахоҳам, обу оташ дар ҳам афтад,
К-аз эшон фитнаҳо дар олам афтад.
Беҳ, ар то зинда бошам, гирди он кас
Нагардам, к-аз ман ӯро бас бувад бас.
Бирав, ҳам бо Шакар мекун шикоре,
Туро бо шаҳди ширин нест коре.
Шакарбӯсӣ лаби касро нашояд,
Магар дандон, ки ӯ хурдаш бихояд.
Ба Ширин бӯсаро бозор тез аст,
Ки ширинӣ лабашро хонахез аст.
Ба Ширин аз Шакар чандин мазан лоф,
Ки аз қассоб дур афтад қасаббоф.
Ду бошад манҷаниқ аз рӯи фарҳанг,
Яке абрешим андозад, яке санг.
Ба Шаккар нашканад ширинии кас,
Лаби Ширин бувад шаккаршикан бас!
Туро гар ногуворӣ буд аз ин пеш,
Зи Шаккар сохтӣ гулшаккари хеш.
Набинам ҳам дар ин вайрона водӣ,
Барангезам мунодӣ бар мунодӣ,
Ки бо Ширин чи бозӣ кард Парвез,
Арӯс ин ҷо, куҷо кард ӯ шакаррез.
Бас он як раҳ, ки дар дом уфтодам,
Ҳам аз нарху ҳам аз ном уфтодам.
Чу шуд дар номҳо номам шикаста,
Дари беномунангон бод баста.
Зи дарбастан рақибам раста бошад,
Хазина беҳ, ки ӯ дарбаста бошад.
Зи қанди ман самарҳо дар ҷаҳон аст,
Дари қасрам самарқандӣ аз он аст.
Агар бар дар кушодан нестам даст,
Тавонам бар ту аз гесӯ расан баст.

пешина
аз 349
навбатӣ