Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

кунад, сазовортари тахту тоҷ аст:

Чу дар дод бешиву пешӣ-т ҳаст,
Сазад, гар шавӣ ба каён пешдаст.

Дар тасвири Низомӣ каёнӣ пешаи комилан ташаккулёфтаест, ки анъанаву рамзҳои худро дорад ва яке он аст, ки:

Дар оини шоҳону расми каён
Паёмоварон эминанд аз зиён.

Яъне, қосидон, чопарон, сафирон масуният доранд, ки аз собиқаи ин рукни давлатдорӣ дар Эронзамин ёдрас мешавад.
Чун «кушанда ду сарҳанги шӯридарой ба назди Сикандар гирифтанд ҷой», ки Дороро нобуд кардем, Искандар сахт маҳзун шуд, ки «он аблаҳон далеранд бар хуни шоҳаншаҳон» ва чунон бар сари Дорои дар панҷаи марг менолад, ки ҳеҷ бародар чунин нанолида:

Сикандар бинолид, к-эй тоҷдор,
Сикандар манам – чокари шаҳриёр,
Нахоҳам, ки бар хок будӣ сарат,
На олудаи хун шудӣ пайкарат

ва дар он ғалаёни эҳсоси мухталиф, ки вуҷудашро фаро гирифта буд, марги худро мехоҳад:

Чи будӣ, ки марг ошкоро шудӣ,
Сикандар ҳамоғӯши Доро шудӣ!..
Нафир аз ҷаҳоне, ки дорокуш аст,
Ниҳонпарвару ошкорокуш аст!

Искандар хоҳиши пешазмаргии Дороро донистан мехоҳад ва ҳиммати баланду рӯҳи бегазанди Дороро бибинед. ки дар наъзи ҷон чиҳо мехоҳад:

Яке он, ки бар куштани бегуноҳ
Ту бошӣ дар ин доварӣ додхоҳ.
Дувум он, ки бар тоҷу тахти каён,
Чу ҳоким ту бошӣ, наорӣ зиён…
Севум он, ки бар зердастони ман
Ҳарам нашканӣ дар шабистони ман.

Ин лаҳза, ҳам аз ҷиҳати сохт ва ҳам аз ҷиҳати ҳадафу драматизми зоҳиру ботин, аз саҳнаи Суҳробро куштани Рустам ёд меорад ва натанҳо захомату матонати сухани ҳакими тӯсӣ, балки виқору ифтихори ӯро равшан бозгӯ мекунад.

пешина
аз 349
навбатӣ