Ҳафтахтар Ҷилди 3

Ақидае роиҷ аст, ки ҳикмату адабиёти Аҷам мадюни илми юнонист,
вале Низомӣ баръаксашро мегӯяд. «Сикандар, ки шоҳи ҷаҳонгард буд»,
Хирадномаҳоро зи лафзи дарӣ
1 Ба юнонзабон кард кисватгарӣ.
Ин, аз як ҷониб, аз огоҳии амиқи ҳаким аз таъриху ҳикмати бостони Эрону Юнон дарак бидиҳад, аз ҷониби дигар, ифтихори ӯро ифода мекунад, ки ҷаҳон аз хирадномаҳои аҷдодаш баҳраҳо бурдааст.
Ва, ниҳоят, пораи машҳуре, ки аз қаробату муҳаббат ва нисбати ҳакими Ганҷа ба ватани бобоиаш равшан шаҳодат медиҳад:
Ҳама олам тан асту Эрон дил,
Нест гӯянда з-ин қиёс хиҷил.
Чунки Эрон дили замин бошад,
Дил зи тан беҳ бувад, яқин бошад!
Ин ҳама аз гуфтаҳои худи шоир бармеоянд ва сухани дили ӯянд, вагарна аслан ҳаким Низомӣ, чун башардӯсти бузург, аз ин баҳсҳои бесуди қавму нажод хеле боло буд ва як далели ин қаҳрамонони осорашанд, ки ба миллату қавмҳои гуногун (эронӣ, тӯронӣ, чин, ҳинду, араб, турк, рус, арманӣ, гурҷӣ, абхоз, курд, ҳабаш ва ғайра) тааллуқ доранд ва дар ҳар кадоми онҳо ба таври табииву часпон хӯю хислати як инсонро – ҳам мусбат ва ҳам манфӣ - ба мушоҳида гирифтаву тасвир намудааст.
Нисбат ба сарчашмаҳо низ таассубе надоштааст ва, ҳамаи онҳоро омӯхта, дархӯрдашро истифода бурдааст. Чунон ки мегӯяд:
Зи ҳар нусха бардоштам мояҳо,
Бар ӯ бастам аз назм перояҳо,
Зиёдат зи таърихҳои наве –
Яҳудиву насрониву паҳлавӣ.
Барои мо муҳим он аст, ки ҳаким Низомӣ дурдонаҳои шоҳворашро ба забони ноби тоҷикӣ суфтаасту ончунон тоҷикона гуфтааст, ки аслан шарҳу баёне лозимашон нест ва ин осори мондагор ҷовидона дар хидмати ору нанг ва завқу фарҳанги инсоният хоҳад буд.
Кисват – ҷомаи пӯшиданӣ; яъне, хирадномаҳои дариро ба юнонӣ ҷома пӯшонд, баргардонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё