Ҳафтахтар Ҷилди 3

Ва ё:
Чунон омад аз нойи туркӣ хурӯш,
Ки аз нойи туркон баровард ҷӯш.
Оё шоир метавонад дар бораи ҳамқавмони хеш чунин бетарафонаву лоқайдонаву бегона сухан биронад? Боз ҳам не.
Мисоле аз «Хирадномаи искандарӣ»:
Сикандар чу овози чинӣ шунид,
Қабои кажоган ба чин даркашид,
Бурун ронд пилафкани хешро,
Рух афканд пили бадандешро,
Ба нафрини туркон забон баркушод,
Ки «Бе фитна турке зи модар назод!»
Ҳеҷ адибе, ба тақозои ҳеҷ як ҳолату эҳсосе, дар бораи ҳамқавмони хеш чунин ҳарф намезанад.
Дар «Лайлӣ ва Маҷнун» мехонем:
Модар чу зи дур дар писар дид,
Алмоси шикаста дар ҷигар дид…
Гуфт: «Эй писар, ин чи турктозист,
Бозист, чи ҷои ишқбозист?!»
Калимаи «турктозӣ» дар пораи поён низ ба ҳамон маънои зулму бедоду талаву тороҷу ғорату тахриб омадааст:
Ба канорам ниҳод пой ба меҳр,
Гила мекард аз ахтарони сипеҳр,
К-осмон, бин, чи турктозӣ кард,
Бо чу ман хусраве чи бозӣ кард!
Дар ин байтҳо ба маъниҳои гуногун – ҳилаву найранг, бераҳмӣ, таҷовуз истифода шудааст:
Гарчи з-он турк дид айёрӣ,
Ҳамчунон кард хештандорӣ.
Бар вай аз теғ турктоз кунам,
Сараш аз тан ба теғ боз кунам.
Кас аз бими шаҳ турктозӣ накард, Бад-он луъбатон дастёзӣ накард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё