Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

нест. Барои исботи асли ҳол эҷодиёти худи шоир кофист. Аввалан, ҳамон ки «аз куҳистони шаҳри Қумам» ва Қум шаҳри қадимаи Эрони марказист. Яъне, падараш эронӣ буда. Далели дувум, «раисаи курд» будани модараш ва, аз қавли яке аз муҳаққиқони муваффақи шоир Аълохон Афсаҳзод «курдҳо яке аз қавмҳои эронинажод мебошанд, ки забонашон ба забони форсии тоҷикӣ хеле наздик» аст. Сеюм, малик Музаффар, ки таълифи достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-ро дархоста буд, дар номае ба шоир мегӯяд:

Донӣ, ки ман он суханшиносам,
К-абёти нав аз куҳан шиносам,
Бингар, ки зи ҳуққаи тафаккур
Дар мурсалаи кӣ мекашӣ дур,
Туркисифатӣ вафои мо нест,
Туркона сухан сазои мо нест,
Он, к-аз насаби баланд зояд,
Ӯро насаби баланд бояд!

Оё ба шоире, ки бо чунон мақому мартаба ва ғуруру виқори сазовор иртиботе ба нажоди дигар дорад, чунин тунд дар бораи аслу насабаш гуфтан мумкин аст? Ҳаргиз не.
Далели дигар пораест, ки зикр шуд ва ба тақозои маврид онро хотиррасон мекунем:

Чу туркон гашта сӯи кӯч муҳтоҷ,
Ба туркӣ дода рахтамро ба тороҷ,
Агар шуд туркам аз хиргаҳ ниҳонӣ,
Худоё, туркзодамро ту донӣ.

Чун рӯз равшан аст, ки агар шоир худ туркзода бошад, чунин намегӯяд, чунки ба зикри хоси ирқу нажоди пайвандонаш зарурат боқӣ намемонад.
Дар ҷои дигар сареҳан мегӯяд, ки

Низомӣ, ки назми дарӣ кори ӯст,
Дарӣ назм кардан сазовори ӯст!

Ба ҳамин тариқ, ҳаким Низомӣ фақат дар «Хамса» қариб дусад
маротиба калимаи «турк»-ро бо маъноҳои асливу маҷозӣ истифода
кардааст. Масалан,

Дили турктозон дар он доругир
Бароварда аз нойи туркӣ нафир.

пешина
аз 349
навбатӣ