Ҳафтахтар Ҷилди 3

На бас рӯзгоре бар ин баргузашт,
Ки таърихи умраш варақ дарнавашт,
Фузун буд шаш маҳ зи шастусе сол,
1
Ки бар азми раҳ бар дуҳул зад давол,
Чу ҳоли ҳакимони пешина гуфт,
Ҳакимон бихуфтанду ӯ низ хуфт.
Ба далели ҳамин сатрҳо гурӯҳе умри шоирро шастусе сол гуфтаанд.
Вале, аз назари мо, зикри ин ҳолу ин рақам тақозои вазъияту ҳолатест, ки Низомӣ ҳангоми навиштани «ҳоли ҳакимони пешина» дошт ва аз умри пур аз ҳиммату ҳикмат, вале даргузари онҳо мутаассир шуда, маҷозан хуфтани хешро ҳам гуфтанаш аз эҳтимол дур набуд.
Дар мавриди дигар ҳолати ҷисмиву рӯҳии инсонро дар синну соли гуногун - аз сӣ то сад тасвир мекунад, ки, албатта, ба талқини хушрӯзгорӣ, аз умр манфиат бардоштан ва ёдгоре гузоштан гуфта шудааст. Ва зимнан таассуроте пайдо мешавад, ки чун Низомӣ вазъу ҳоли ҳафтоду ҳаштоду навадсоларо хеле дақиқ бозгӯ мекунад ва, умуман, дар осораш шикваҳо аз пирӣ кам нест (шастусе чандон синни чунин шикваҳои паёпай ҳам набудагист), шояд беш аз шастусе сол ҳам умр дида бошад.
Вобастаи ҳамин масъала байти шоистае низ, ки ба ҳаким Низомӣ нисбаташ медиҳанд, ба хотир мерасад:
Ҳамегуфтам, ки Хоқонӣ дареғогӯи ман бошад,
Дареғи ман, ки ман гаштам дареғогӯи Хоқонӣ!
Хоқонии Шарвонӣ аз Низомӣ ҳадди ақал понздаҳ сол бузургтар буд ва ҳангоми вафоти ӯ ҳамзамони хушномаш ҳамагӣ панҷоҳ сол дошт. Ин суханон арзандаи нафаре бузургсолтаранд ва низ оид ба соли таваллуду чӣ қадар умр дидани Низомӣ ба фикр водор мекунанд. Дар ин масъала академик Бертелс ҳақтар менамояд, ки санаи даргузашти шоирро «солҳои баъди 1211» гуфтааст («Низами», М., нашриёти «Молодая гвардия», 1948).
Бамаврид медонем, ки боз аз як ҷиҳати саргузашти ҳакими бузург ёдовар бишавем. Адибони тоҷику форс, агарчи асрҳо дар шоҳигариву аморату ҳокимиятҳои гуногун умр ба сар бурдаанд, аслан дар қаламрави бузурги забону адаби тоҷику форс зиставу эҷод кардаанд. Аз ин рӯ, шоири бузурги ин забону адабиёт будани ҳаким Низомӣ бебаҳс аст. Вале даъвоҳоеро оид ба мансубияти миллии ӯ, даҳон фурӯ бастан аз забони эҷодаш ва нотарошидагии тарошидани навиштаҷоти аслии санги оромгоҳашро нодида гирифтан мумкин
Давол, дувол – тасмаи ситабр, ки бад-он нақораро навозанд ва ба маънии теғу шамшер ҳам омада («Бурҳони қотеъ», «Ғиёс-ул-луғот»).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё