Ҳафтахтар Ҷилди 3

Нашояд ҳукм кардан бар ду бунёд:
Яке бар бетамаъ, дигар бар озод
В-аз он пас иқди луълӯ бар шакар зад,
Ба уннобу табарзад бонг барзад,
Ки гар шаҳ гӯяд, ӯро дӯст дорам,
Бигӯ, к-ин ишва н-ояд дар шуморам
В-агар гӯяд бад-он субҳам ниёз аст,
Бигӯ, бедор маншин, шаб дароз аст
В-агар гӯяд, ба Ширин кай расам боз,
Бигӯ, бо рӯзаи Марям ҳамесоз
В-агар гӯяд, бад-он ҳалво кашам даст,
Бигӯ, рағбат ба ҳалво кам кунад маст
В-агар гӯяд, кашам тангаш дар оғӯш,
Бигӯ, к-ин орзӯ бодат фаромӯш
В-агар гӯяд, кунам з-он лаб шакаррез,
Бигӯ, дур аз лабат дандон макун тез
В-агар гӯяд, бигирам зулфу холаш,
1
Бигӯ, то ҳо, нагирӣ, ҳо, мамолаш
В-агар гӯяд ниҳам рух бар рухи моҳ,
Бигӯ, бо рух баробар чун шавад шоҳ?
В-агар гӯяд, рабоям з-он занах гӯй,
Бигӯ, чавгон хурӣ з-он зулф бар рӯй!
В-агар гӯяд, бихоям лаъли хандон,
Бигӯ, аз дур мехур оби дандон!
Гар аз фармони ман сар баргирояд,
Бигӯ, фармон фироқатрост шояд,
Фироқаш гар кунад густохбинӣ,
Бигӯ, бархезамат ё менишинӣ?
Висолаш гар бигӯяд, з-они ӯям,
Бигӯ, хомӯш биншин, то нагӯям!
Фурӯ мехонд аз ин муште фасона
Дар ӯ таҳдидҳои модагона.
Итобаш гарчи мезад шиша бар санг,
Ақиқаш нарх мебуррид дар ҷанг.
Чу бар Шопур тундӣ зад хумораш,
Зи ранҷи дил сабуктар гашт бораш.
Ба нармӣ гуфт, к-эй марди сухангӯй,
Сухан дар мағзи ту чун об дар ҷӯй.
Агар вақте кунӣ бар шаҳ саломе,
Бад-он ҳазрат расон аз ман паёме,
Ки Ширин гӯяд, эй бадмеҳри бадаҳд,
Куҷо он суҳбати ширинтар аз шаҳд?
Ҳарфи танбеҳ (огоҳӣ) аст ва ба маънои «бигир» ҳам омада («Мунтахаб-ул-луғот»)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё