Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чи фармоӣ, аз садмати сангу оҳан
Дурахше ба хуршеди рахшон фиристам!

Ҳама равзаи ман ҳашиш аст яксар,
Шавам, даста бандам ба ризвон фиристам!

Ҳама луқмае нест бар хони табъам,
К-аз он заллае пеши Луқмон фиристам!

Киро гарди доман сазад гӯи гардун,
Бараш туҳфа гӯи гиребон фиристам!

Касеро, ки навбоваи ваҳй дорад,
Бақоёи васвоси шайтон фиристам!

Сухан ҳаст фарзанди ҷонам,валекин,
Халаф менаояд, магар ҷон фиристам!

На шеър аст, сеҳр аст, аз он менаёрам,
Ки наздики Мӯсии Имрон фиристам!

Ғараз з-ин сухан чист,то чанд гӯям,
Фулонро ҳаме пеши беҳмон фиристам!

Ба маъбуди Тайёну мамдӯҳи Ҳассон
Агар жожи Тайён ба Ҳассон фиристам!

Баҳона-ст ин чанд байт, арна ҳошо,
Ки ман зира ҳаргиз ба Кирмон фиристам!

Фиристода шуд, гарчи некӯ набошад,
Ки зангори оҳан суи кон фиристам!

Зи камдонишӣ гови гардуни чӯбин
Бари шери гардуни гардон фиристам!

Вагарна чаро бо чу рустамсаворе
Чунин харсаворе ба майдон фиристам!

Садмат – садама, зарба.
Ҳашиш – алафи хушк, хас.
Залла – пасмондаи ғизо, сарқут.
Ишора ба Мӯсо-пайғамбар, ки дар сеҳру эҷоз қудрати тамом доштааст.
Шоирони маъруфи араб.
Ишора ба бурҷи савру бурҷи асад.

пешина
аз 328
навбатӣ