Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Такаллуф миёни ду озодамард
Бувад нописандидаю сахт хом,

Биё, то такаллуф ба як сӯ ниҳем,
На аз ту рукӯъу на аз ман қиём,

Ба суннат кунем иқтидо з-ин сипас:
Саломуналайкум, алайкассалом!

АЗ БУЗУРГЕ ДАРХОСТИ КОҒАЗӢ САПЕД КУНАД

Зиндагонӣ маҷлиси сомӣ дар иқболи тамом
Чун абад бемунтаҳо боду чу даврон бардавом.

Орзӯмандӣ ба хидмат беш аз он дорад дилам,
К-андарин хидмат тавон кардан ба шарҳи он қиём.

Ҳаст уммедам ба сунъу лутфи ҳақ азз-исмуҳу
К-иттисоле бошадам бо маҷлиси олӣ ба ком.

Бод маълумаш, ки ман ходим ба шеъри Булфараҷ
То бидидастам, валӯъе доштастам бас тамом.

Шеъри чанд алҳақ ба даст овардаам фӣ-мо-мазо,
Қитаъе аз Амру Зайду нуктае аз хосу ом.

Чун бад-он розӣ набудастам, талаб мекардаам
Дар сафар гоҳи масиру дар ҳазар гоҳи мақом.

Дӣ ҳамин маънӣ магар бар лафзи ман ходим бирафт,
Бо Каримуддин, ки ҳаст андар карам фахри киром,

Гуфт: «Ман дорам яке аз интихоби шеъри ӯ –
Нусхае бас беназиру шевае бас бонизом».

Азм дорам, к-он ба рӯзе чанд бинвисам, ки нест
Шеъри ӯ мурғе, ки осон андарунафтад ба дом.

Лекин аз бекоғазӣ байте накардастам савод,
Ҳаст уммедам, ки ин хидмат чу бигзорад тамом,

Булфараҷ – Абулфараҷи Рунӣ, шоири асрҳои 11-12.
Валӯъ – ҳирс.

пешина
аз 328
навбатӣ