Мунтахаби девон

Ҷони ману он ваъдаи натъи ту ҳамин аст,
Азбаски занӣ қуръаю гирӣ ба адо фол ,
Ҳон, бар табақи арз ниҳам ҳосили ин зикр,
Ҳин, дар варақи ҳаҷв кашам сурати ин ҳол!
СУХАНИ КАМОЛИРО СИТОЯД
Шеърҳои Камолӣ – он ба сухан
Пои табъаш сипарда фарқи камол
Гарчи наздики дигарон назм аст,
Муҷмал аз муфрадоту ваҳму хаёл,
Сухане чанд муъҷиз аст маро
Дар суханҳо-ш сахт лоиқи ҳол.
Гӯям он дар хазонаҳои азал
Буд мавзун тавилаҳои лаъол.
Моя-шон дода аз мизоҷи дуруст
Садафи зуди эзиди мутаъол.
Ҳама ҳамчун азал қадимниҳод,
Ҳама ҳамчун фалак азизмисол.
Ҳамаро дида чашми сирфи хирад,
Ҳамаро суфта дасти сеҳри ҳалол.
Ба маъонӣ фузуда қадру баҳо
Чун ҷавоҳир ба гардиши аҳвол.
Аз ниқоби адам чу рух бинмуд
Он баландахтари муборакфол,
Он ҷавоҳир чунон ки расм бувад
Дурфишон бар мароқиди атфол,
Рехт бар остони хотири ӯ
Рӯзи мавлудаш остини ҷалол.
Чун чунон шуд, ки дар сухан нашнохт
Ҳалқаи зулфро зи нуқтаи хол.
Лаъол – луълуҳо, марворид.
Мароқид – хобгоҳ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо