Равзанаи адаб

Донишмандоне чун Ян Рипка, Муҳаммаднурӣ Усмонов, Холиқ Мирзозода ин андешаро тақвият дода, Фирдавсиро намояндаи бузурги адабиёти аҳди сомонӣ донистаанд. Аз ҷумла, Муҳаммаднурӣ Усмонов навиштааст: «Достони Фирдавсӣ ба тақозои шароити таърихие, ки давлати Сомониён дар асри Х ба вуҷуд оварда буд, падид омадааст».
Барои он ки ҳақиқати масъала равшан гардад ва дар мансубияти Фирдавсӣ ба аҳди Сомониён шубҳае боқӣ намонад, муносибати шоирони асри Х1, яъне замони Ғазнавиёнро ба Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ў ба таври иҷмолӣ баррасӣ мекунем.
Ин ҷо роҷеъ ба ривоятҳои зиёде, ки дар бораи муносибатҳои шахсии Султон Маҳмуд ва Фирдавсӣ дар тазкираҳо сабт аст ва ғалат будани аксари онҳоро муҳаққиқон, аз ҷумла Садриддин Айнӣ дар рисолаи мазкур нишон додаанд, таваққуф намекунем ва танҳо ин нуктаро ёдовар мешавем, ки мусалламан «Шоҳнома»-и Фидавсӣ ба Султон Маҳмуд писанд наомадааст ва мавриди қадршиносии ў қарор нагирифтааст. Чунин муносибатро дар робитаи шоирони қарни XI бо «Шоҳнома» ҳам метавон мушоҳида кард. Шоирони аҳди Ғазнавиён чун Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Асҷадӣ ҳар гоҳ сухан аз футуҳоту корнамоиҳои мамдўҳ равад, ба ситоиши муболиғаомез пардохта, ҳамеша ўро аз қаҳрамонони «Шоҳнома» бартар медонанд. Ҳоло мо чанд намунаро фақат аз осори яке аз намояндагони адабиёти ин давра Фаррухии Систонӣ, ки девони ў тақрибан ба таври комил боқӣ мондааст, нақл мекунем. Аз ҷумла Фаррухӣ дар қасидае лашкаркашии Султон Маҳмудро ҳангоми фатҳи Хоразм тавсиф намуда, ўро аз бузургтарин қаҳрамонони «Шоҳнома» Рустам ва шоҳи машҳур Ҳушанг ба маротиб афзал мешуморад:
Эй ба лашкаршиканӣ бештар аз сад Рустам,
Эй ба ҳушёрдилӣ бештар аз сад Ҳушанг,
Бежан ар бастаи ту будӣ, раста нашудӣ
Ба ҳиял сохтани Рустами нев аз Аржанг.
Дар қасидаи дигари шоир, ки он ҳам ба мадҳи Султон Маҳмуд бахшида шудааст, «Шоҳнома» саросар иборат аз афсонаҳои дурўғ дониста шудааст:
Гуфто: «Чун ў дигар ба ҷаҳон ҳеҷ шаҳ бувад?»
Гуфтам: «Зи ман мапурс, ба «Шаҳнома» кун нигоҳ».
Гуфто, ки «Шаҳнома» дурўғ аст сарбасар,
Гуфтам: «Ту рост гиру дурўғ аз миён бикоҳ».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё