Равзанаи адаб

Чунонки ҳувайдост, Фаррухӣ низ ба тақозои майлу хоҳиши мамадўҳаш Султон Маҳмуд моҳият ва арзиши баланди ватандўстии «Шоҳнома» ва аҳдофи олии Фирдавсиро нодида гирифтааст. Байтҳои мазкур ривояти зерро, ки дар «Таърихи Систон» дарҷ шудааст, ба хотир меорад: «Ва ҳадиси Рустам бар он ҷумла аст, ки Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» ба шеър кард ва бар номи Султон Маҳмуд кард ва чандин рўз ҳаме бархонд.
Маҳмуд гуфт: «Ҳама «Шоҳнома» худ ҳеҷ нест, магар ҳадиси Рустам ва андар сипоҳи ман ҳазор мард чун Рустам ҳаст».
Булқосим гуфт: «Зиндагонии худованд дароз бод! Надонам андар сипоҳи ту чанд мард чун Рустам бошад. Аммо ин донам, ки худои хештанро ҳеҷ банда чун Рустам дигар наёфарид». Ин бигуфт ва замин бўса карду бирафт».
Дар зимни мадҳи бародари Султон Маҳмуд сипаҳсолор Амир Юсуф ва писараш Султон Масъуд низ беэътиноии Фаррухӣ ба қаҳрамони «Шоҳнома» мушоҳида мешавад:
Сафдар чун ту набуд Рустам ё Сом,
Меҳтар аз ту набуд Ҷам ё Нузар.
Зи мардум он чи ту кардӣ ҳаме ба андак сол
Ба солҳои фаровон накард Рустами Зар.
Махон қиссаи Рустами Зовулиро
Аз ин пас дигар, к-он ҳадисест мункар6.
Чунин ситоишҳои пурмуболиға ва беэътиноӣ ба «Шоҳнома» ва қаҳрамононаш дар қасоиди Фаррухӣ ва муосиронаш хеле фаровон аст, ки бешубҳа аз сиёсати давлати Ғазнавиён ва муносибати шоҳони ғазнавӣ ба «Шоҳнома» маншаъ мегирад. Тавре ки баррасиҳо нишон медиҳанд, амирони сомонӣ сиёсати диниву ватандўстӣ ва ифтихори миллиро бо ҳам пайваста баробари тарғиби дини ислом ба барангехтани эҳсоси ватандўстии мардум низ таваҷҷўҳи зиёд зоҳир менамуданд. Вале Ғазнавиён сиёсати диниро шиору ниқоби худ қарор дода, ба футўҳоту ғоратгарии кишварҳои ҳамсоя мепардохтанд. Ҳарчанд онҳо худро зоҳиран пайрави Сомониён вонамуд карда, шоиронро ба дарбор ҷамъ оварданд, вале ҳадафи онҳо дигар буд. Барои шоҳони ғазнавӣ на андешаҳои ватандўстиву ифтихори миллӣ, балки мадҳу ситоиши корнамоиҳо ва футуҳоташон муҳим буд. Аз ин ҷост, ки «Шоҳнома» ба ҳадафҳои онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ созгор набуд ва сабаби қадр нашудани он ҳам дар ҳамин аст. Ин сиёсати Ғазнавиёнро шоирони дарбор хуб дарк карда буданд, аз ин ҷост, ки «Шоҳнома»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё