Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Суханро нигаҳ доштам соли бист Бад-он то сазовори ин ганҷ кист.
Ниҳоят шояд таваҷҷўҳи зиёди Султон Маҳмудро ба шоирон ва саховатмандии ўро нисбат ба онҳо мушоҳида карда Фирдавсӣ ба достон ситоиши султонро илова мекунад ва онро ба ў пешкаш месозад.
Аз ин ҷост, ки дар хусуси мансубияти Фирдавсиву «Шоҳнома»-и ў ба ин ё он давраи адабӣ миёни муҳаққиқон ихтилофи назар мавҷуд аст. Аксари муҳаққиқон чун Ҳермон Эте, Эдуард Браун, Шиблии Нўъмонӣ, Бадеъуззамон Фурўзонфар, Ризо Доии Ҷавод, Ризозода Шафақ, Абулҳусайни Зарринкўб, Муҳаммад Ҷаъфари Маҳҷуб, Абдулғанӣ Мирзоев, И. С. Брагинский ва амсоли онҳо «Шоҳнома»-и Фирдавсиро офаридаи аҳди Ғазнавиён донистаанд. Маншаи ин андеша шояд аввалан тазкираи «Лубобулалбоб»-и Муҳаммад Авфӣ бошад, ки дар он роҷеъ ба Фирдавсӣ дар боби «Зикри шуарои Оли Носир» сухан рафтааст.
Вале маълум мегардад, ки Муҳаммад Авфӣ бештар поёни умри шоирро дар назар доштааст ва аз ҳамин назар Кисоии Марвазӣ, Баҳромии Сарахсӣ, Робиаи Балхиро низ, ки аз шуарои қарни Х ё аҳди Сомониён мебошанд, ба ин давра шомил кардааст1.
Сониян ба Султон Маҳмуд пешкаш шудани «Шоҳнома»
онро зоҳиран чун падидаи замони Ғазнавиён ба ҷилва меорад.
Аммо чунон ки зикр шуд, «Шоҳнома» дар аҳди Сомониён дар охири асри Х ба поён расида буд ва аз офаридаҳои Фирдавсӣ дар аҳди Ғазнавиён ба ҷуз чанд байти дар мадҳу ҳаҷви Султон Маҳмуд гуфтаи ў чизи дигаре боқӣ намондааст.
Забеҳуллоҳ Сафо адабиёти асри Х ва нимаи авали асри Х1-ро ҳамчун як давраи адабӣ мавриди баррасӣ қарор дода, Фирдавсиро дар радифи Унсуриву Фаррухӣ ва Манучеҳрӣ гузоштааст. Ба назари мо адабиёти нимаи аввали асри Х1 ҳарчанд идомаи адабиёти аҳди сомонист, вале чунон ки баъдтар хоҳем дид, пас аз шикасти давлати Сомониён дар адабиёт ҳам ба хусус дар мавзўот, ҳадафҳои асосӣ ва рўҳияи он таҳаввулу тағйироти ҷиддӣ ба вуҷуд омад, ки боиси аз ҳам ҷудо шудани ин ду давра гаштааст. Бинобар ин «Шоҳнома»-и Фирдавсиро ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон падидаи адабиёти аҳди Ғазнавиён донист.
Яке аз аввалин донишмандоне, ки масъалаи мазкурро дуруст дарк кардаанд, устод Садриддин Айнӣ буд. Ў дар рисолаи «Дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ў навиштааст: «Чунончи устод Абулҳасан Рўдакии бухороии машҳур, Дақиқӣ, Муродӣ ва дигарҳо маҳсули ҳамин давра (аҳди Сомониён – М.М. ) буданд, инчунин Фирдавсӣ ҳам яке аз симоҳои намоёни ҳамон давра аст».

пешина
аз 625
навбатӣ