Равзанаи адаб

Дар мақолаҳои маҷмўа паҳлўҳои гуногуни замон, рўзгор ва осори шоир мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъалаҳои зиёде равшанӣ андохта шудааст.
Маҷмўаи мақолоти «Устод Абў Абдулло Рўдакӣ» низ дастовардҳои илмии рўдакишиносии тоҷикро дар заминаҳои гуногун дар бар мегирад.
Дар китобҳои Х.Мирзозода «Абў Абдулло Рўдакӣасосгузори адабиёти классикии тоҷик», ки ба забони тоҷикӣ дар Душанбе ва ба забони русӣ дар Маскав ба табъ расид, Ш.Ҳусейнзода «Сухансарои Панҷрўд» масъалаҳои умумии аҳволу осори шоир ва робитаи осори ў бо мусиқӣ, фолклор мавриди таҳлил қарор гирифтаанд.
Дар саҳифаҳои матбуоти тоҷик мақолаҳои фаровони илмиву оммавӣ чоп гардиданд, ки номгўи онҳо дар ду феҳристи адабиёт роҷеъ ба Рўдакӣ, ки тавассути Р.О.Телман, А.Юнусов ва Н.Кароматуллоева мураттаб шудаанд, ҷамъоварӣ гаштааст.
Дар солҳои пас аз ҷашн таҳқиқи аҳволу осори Рўдакӣ ҳарҷониба густариш пайдо карда, амиқтару дақиқтар гардид.
Махсусан дар ин давра нашри осори боқимондаи Рўдакӣ ва тасҳеҳи онҳо дар Тоҷикистон вусъат пайдо мекунад, ки дар ин хусус мо дар ҷойи дигар баҳс кардаем ва ин ҷо таваққуф намекунем.
Ҷустуҷўйҳои илмии рўдакишиносӣ дар давраи сеюм то соли 1967 дар асари устоди Донишгоҳи давлатии Ленинград профессор Абдураҳмон Тоҳирҷонов ҷамъбаст шудааст. Асари мазкур аз чор боб иборат буда, ҳар боб баҳси муфассалро роҷеъ ба ягон паҳлўи аҳволу осори шоир мисли ному куния, соли таваллуду вафот, кўрӣ ва муносибати ў бо қарматиҳо ва миқдору анвои осори шоир дар бар мегирад. Дар ин асари мубоҳисавӣ муаллиф зимнан бо рўдакишиносон дар сари ҳар масъала баҳс мекунад ва андешаҳои онҳоро қабул ё рад менамояд.
Қобили қайд аст, ки солҳои охир рўдакишиносӣ на танҳо торафт вусъат пайдо карда, масъалаҳои гуногуни марбут ба адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, таърих, антропология, тиб, мусиқӣ, ҳунар ва амсоли онҳоро фаро мегирад, балки аз лиҳози таҳлилу баррасии масъалаҳо аз умумигўиҳо, ки қаблан ҷой дошт, берун мебарояд ва дар аксари асарҳо амиқрафту дақиқназариҳо ва далелу бурҳонҳои тоза дар таҳлилу баррасӣ мушоҳида мешавад.
Дар осори илмии А.Мирзоев, А.Мухторов, Р.Ҳодизода, Х.Мирзозода, Ш.Ҳусейнзода, А.Афсаҳзод, А.Сатторов, Х.Шарифов, С.Амирқулов, А.Абдуллоев, У.Каримов, С.Имронов, Ш.Мухторов ва амсоли онҳо ин ҳолат ба назар мерасад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё