Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар осори илмии Мирзо Муллоаҳмад илова бар назари тоза ба масъалаҳои муҳимми таърихи адабиётти тоҷику форс чандин пешниҳоду навгониҳои илмӣ ба назар мерасанд. Аз ҷумла ў барои муайян кардани рубоиёти асили Умари Хайём равиши тозаи ҷомеъро пешниҳод намудааст, ки барои ҳалли ин масъалаи душвор кумак мерасонад. Ў бори аввал аҳли илму адабро бо як навъи тозаи шеър, ки маҳсули рўйдодҳои таърихии асри ХХ Эрон мебошад, ошно намуд. Ў дар чанд мақолаи худ ба субут расондааст, ки навъи қитъа бар хилофи пиндошти муаллифони сарчашмаҳои адабӣ ва муҳаққиқон порае аз қасида набуда, навъи мустақили шеър аст, ки аз сурудҳои бостонии тоҷику форс маншаъ мегирад. Дар рисолаҳои «Паёми ахлоқии Фирдавсӣ» ва «Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем» ў исбот намуд, ки сабаби асосии бузургӣ ва мондагории «Шоҳнома» маҳз ҷанбаи ахлоқиву башардўстии он аст. Ў бо далелои тоза ба субут расонд, ки Рўдакӣ кўри модарзод набуда ва ўро кўр ҳам накардаанд ва нобиноии ў бар асари бемориву пирӣ будааст. Чунин тозакориҳо дар осори илмии ў зиёданд.
Мирзо Муллоаҳмад дар матншиносӣ ва нашри осори гузаштагон низ саҳми калон гузошта, «Қобуснома»-и Кайковус (1979, 2007) «Рубоиёти Умари Хайём» (1983),«Баргузидаи ашъори Шаҳриёр» (бо ҳамроҳӣ, 1984, 2006), «Ҳикояҳои нависандагони муосири Эрон» (бо ҳамроҳӣ, 1986, 1988), «Рўзномаи сафари Искандаркўл»-и Абдураҳмони Мустаҷир (бо ҳамроҳӣ, 1989),«Гулбонги навҷавонӣ»-и Лоҳутӣ (бо ҳамроҳӣ, 1991), «Андарзномаи Рўдакӣ» (1992), «Ғазалиёти Фурўғии Бастомӣ»
(1993), «Донишнома»-и Майсарӣ(1999), «Андарзномаи ҳаким Носири Хусрав»(2003)), «Дахунома»(2003), «Гулчини девони Ҳофиз»(2006), «Андарзҳои Ҷалолиддини Румӣ»(2007), «Ашъори мунтахаб»-и Абўабдуллоҳ Рўдакӣ (2008), «Дар партави хуршед»(2011), «Ҳикматномаи Носири Хусрав»(2013) ва ғайраро ба чоп расондааст.

Ба қалами МирзоМуллоаҳмад беш аз 550 асари илмӣ ва илмиву оммавӣ таълиф шудааст, ки аз ҷумла 20 монография ва маҷмўаи мақолаҳои илмӣ, беш аз 30 маҷмўаи гуногун аз осори адибони гузаштаву муосири форсизабон буда, бо кўшиши ў ба табъ расидаанд.
Мирзо Муллоаҳмад дар ташкили конфаронсу ҳамоишҳои илмӣ фаъолона ширкат варзида, аз ҷумла котиби масъули симпозиумҳои байналмилалии «Ҳазораи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» (1994), 675- солагии Камоли Хуҷандӣ (1996), «Таҷрибаи таърихии сулҳи Тоҷикистон» (2001), Анҷумани панҷуми байналмилалии устодони забон ва адабиёти тоҷику форс»(2006), «Рўдакӣ ва фарҳанги ҷаҳон» (2008) буд. Ў бо суханрониҳои илмӣ дар беш аз 30 конфаронсу симпозиумҳои байналмилалӣ, ки дар шаҳрҳои гуногуни олам баргузор шудаанд, ширкат варзидааст. Аз ҷумла дар толори Созмони милали муттаҳид дар ш. Ню-Йорк(18 июни соли 2008) дар мавзўи «Рўдакӣ – шоири бузурги башардўст» суханронии илмӣ кардааст. Рўдакишиносӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти илмии Мирзо Муллоаҳмад буда,бо сарварии ў «Донишномаи Рўдакӣ»таълиф мешавад, ки ду ҷилди он ба табъ расидааст.

М.Муллоаҳмад дар тарбияи кадрҳои илмӣ низ саҳми арзанда мегузорад. Таҳти роҳбарии ў 10 нафар рисолаи номзадӣ, 4 нафар рисолаи докторӣ дифоъ намуда, 5 нафар рисолаҳои илмии худро омода кардаанд.
Ў узви ҳайати таҳририяи «Ахбори Академияи илмҳои Тоҷикистон. Шўъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ», маҷаллаи илмӣоммавии «Илм ва ҳаёт», маҷаллаи «Рўдакӣ»(Теҳрон), фаслномаи илмӣ-пажўҳишии «Пажўҳишномаи таърих»-и Донишгоҳи озоди исломии Буҷнурд(Эрон), маҷаллаи Муассисаи фарҳангии ЭКО(Теҳрон), узви ҳайати илмии «Доиратулмаорифи инсоншиносӣ» (Теҳрон), раиси Анҷумани дўстии Тоҷикистону Эрон, узви раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва ғ. мебошад. Ў аз соли 1993 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, дорандаи Ҷоизаи ба номи Муҳаммад Осимӣ ва Ҷоизаи «Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ» мебошад.

пешина
аз 625