Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зимнан бояд тазакур дод, чунон ки дар "Донишнома"
омадааст, дар забони форсии Эрон «замир ба панҷ даста тақсим мешавад» (саҳ. 575). Вале дар забони тоҷикӣ ҷонишин ба ҳашт гурўҳ ҷудо мешавад. Равиши қиёсӣ барои вожагузинӣ ва якнавохт сохтани истилоҳот, ки ҳар ду забон ниёз доранд, метавонад судманд бошад.
Барои мисол дар забони тоҷикӣ ба ҷои «ҳарф» аз муродифи он пайвандак истифода мешавад ва истилоҳи «ҳарф» дар савтиёт ба маънии дигар корбурд дорад. Рўиҳамафтода роиҷ кардани истилоҳи «пайвандак»
холӣ аз манфиат нест.
Хеле хуб аст, ки дар поёни пешгуфтор барои суҳулати кор «Роҳнамои овонигорӣ» дода таъкид шудааст, ки он ҷадвал бар пояи «талаффузи эронӣ» танзим гардидааст. Вале ба назари мо шоистатар мебуд, агар ҷанбаи таърихӣ ва талаффузи имрўзаи тоҷикӣ низ мавриди таваҷҷўҳ қарор мегирифт. Масалан барои сомитҳои ғ ва қ, ки ҳарфҳои ҷудогона ва мустақиланд, бар асоси талаффузи кунунии мардуми Эрон як овои q интихоб шудааст. Вале дар забони тоҷикӣ ин ду ҳарф овозҳои қадимии худро ҳифз кардаанд ва ба таври мухталиф талаффуз мешаванд.
Бинобар ин ба назари мо қ бо q ва ғ бо gh навишта шавад, беҳтар аст.
Чун дар "Донишнома" масъалаҳои забони форсиву тоҷикӣ хеле васеъ матраҳ шудааст, бад нест, ки дар нашри оянда номи китоб ба «Донишномаи забон ва адаби форсӣ» тағйир дода шавад.
Дар поёни сухан бояд тазаккур дод, ки «Донишномаи адаби форсӣ»
дарвоқеъ на танҳо миллионҳо форсизабононро ба фарҳанги ғании тоҷикон ошно месозад, балки риштаҳои гусастаи фарҳангу адаби Хуросону Мовароуннаҳру Форсро ба ҳам пайваста, ба пешрафту ваҳдати фарҳанги форсизабонони саросари ҷаҳон мадади зиёд мерасонад.
Соли 1998

пешина
аз 625
навбатӣ