Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Насруллоҳ Имомӣ қасидаи Муҳаммад ибни Васифро, ки ба воқеаи гирифтории писарони Муҳаммад ибни Амр ибни Лайс дар соли 296 ҳ. бахшида шудааст ва бо матлаи зер шурўъ мешавад, «дар шумори кўҳантарин маросӣ» медонад1:

Мамлакате буд шуда беқиёс,
Амр бар он мулк шуда буд рос.

Албатта, дар ин қасида шоир аз шикасти давлати Яъқуб, аз рафтани шодиву омадани ғаму андўҳ афсўс мехўрад, ки боиси ба марсия монанд шудани шеър гаштааст. Вале дар ёздаҳ байти боқимондаи шеър ба вафоту сўгвории касе ишора нашудааст. Бинобар ин қасидаи мазкурро дар ҳамон шакле, ки боқӣ мондааст, ба маънии том марсия наметавон номид.
Зеро агар афсўсу дареғ аз гузаштаро марсия донем, бояд қитъаи машҳури Абулянбағиро дар бораи Самарқанд, ки дар он аз харобии шаҳр изҳори таассуф шудааст ва ё қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-ро ҳам марсия шуморем.
Шиблии Нўъмонӣ қабл аз ҳама шартҳои асосии марсияро ба тариқи зайл таъйин намудааст : « Асосан дар рисо се асл бояд риоят шавад: Яке он ки маҷду ҷалоли мамдўҳ комилан зикр шавад, то аз реҳлати ў шигифту ибрате дар хонанда ҳосил гардад ва дигар ҳузну малол ва ғаму андўҳе, ки аз ин фуқдон мардумро фаро гирифта ва азову мотаме, ки пиёда шуда, комилан шарҳ дода шавад. Савум нисбат ба мамдўҳ, вақте ки вайро мухотаб месозад, як чунин эҳсосоту хотироте иброз шавад, ки аз он маълум гардад, ки росӣ дар ин фоҷиа ба таври мабҳут ва аз худ бехуд шудааст, ки аз фавти ў бехабар ва лизо хитоботаш ба вай монанди ҳамон хитоботест, ки ба ў дар замони ҳаёташ мекарда.» Дар асоси меъёрҳои таъйинкардаи худи Шиблии Нўъмонӣ қасидаи Фаррухии Систонӣ дар вафоти Султон Маҳмудро аввалин марсияи комил дониста, марсияҳои пешинаро «хеле маҳдуд ва ғайри қобили таваҷҷўҳ» мешуморад. Зайнулобидини Мўътаман, ки дар бораи марсия баҳси тўлонӣ кардааст, таъкид менамояд, ки нахустин шоири марсиягўй Рўдакӣ аст. Ў шеъри дар вафоти Муродӣ навиштаи шоирро аввалин марсияи форсӣ медонад. Дар асоси маводе, ки аз адабиёи асрҳои 1Х – Х то имрўз боқӣ мондааст, ба ин андеша метавон розӣ шуд. Дар воқеъ ин шеър хеле самимиву ҷонгудоз гуфта шуда, дорои мазмуни фалсафӣ ҳам ҳаст. Марги шоиру донишманд машҳур Муродиро, ки ба эҳтимоли қавӣ

пешина
аз 625
навбатӣ