Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз лиҳози маъниву мантиқ дарвоқеъ сабти мазкур солим аст, вале он хушоҳангиву мусиқиро надорад.
Дар мақола ҳамчунин бидуни тавзеҳе ғазали машҳури Рўдакӣ, ки бо матлаи
Ҳар бод, ки аз сўи Бухоро ба ман ояд, З-ў бўйи гулу мушку насими суман ояд,

шурўъ мешавад, ба Абўсаиди Абулхайр нисбат дода шудааст.
Дар мақола масъалаҳои баҳсангез хеле зиёд аст, ки ҳамаи онҳоро зикр кардан ин ҷо имкон надорад ва ба мавриди дигар мавқуф гузошта мешавад.
Риёҳӣ пас аз муқаддимаи тўлонӣ ба баррасии байти машҳури Ҳофиз мегузарад, ки дар он илова бар таркиби мазкур ишора ба «турки самарқандӣ» ҳам ҳаст. Доктор Ғанӣ мурод аз «турки самарқандӣ»-ро Амир Темур донистааст.
Риёҳӣ дар ин бора андешаи худро изҳор накарда, ба он нукта таваҷҷўҳ менамояд, ки Ҳофиз байти Рўдакиро аз куҷо гирифтааст. Ба назари мо дар ин масъала ҳам ба хулосаи қатъӣ омадан дуруст нест. Зеро мо имрўз на аз китобхонаи Ҳофиз хабаре дорему на ба ишораи сареҳи ў. Бинобар ин ба ҳадси Риёҳӣ, ки «ин байт(матлаи «Бўйи Ҷўйи Мўлиён» - М.М.) дар китобҳо ба назари Ҳофиз расида ва аз ин роҳ ба шеъри ў роҳ ёфтааст»(саҳ. 88), наметавон розӣ шуд. Албатта ҳоло хулосаи қатъӣ баровардан мумкин нест, вале мусаллам аст, ки Ҳофиз ашъори Рўдакиро дар ҳар шакле бошад, омўхтааст (на танҳо хондааст), вагарна бе омўзиши ашъори бузургони пешин мисли Рўдакӣ бузург шудани Ҳофиз низ амри муҳол аст.
Нуктаи охирине, ки дар мақола беҷавоб мондааст,ин аст :
«Дар байти Ҳофиз ибҳом ва ишколе ҳаст, ки ман онро дуруст намефаҳмам. Суол ин аст, ки замири «аш» дар «насимаш» ба куҷо бармегардад, ба турки самарқандӣ ё ба Самарқанд»(саҳ.
88). Ба назари мо ин ҷо ишколе нест ва Ҳофиз аз нигоҳи дастурӣ ҳам иштибоҳе накардааст. Айб дар худи мост, ки байти Ҳофизро дуруст нахондаем. Зеро агар мо ибораи «турки самарқандӣ»-ро ба тарзи «турки Самарқанде» бихонем, ҳамаи мушкилот ҳал мешавад.Он вақт дарвоқеъ насим на ба турк, балки ба Самарқанд мансуб мегардад. Дар мақолаи «Сувари хаёл дар шеъри форсӣ»-и донишманд ва шоири шинохта Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ тасвирпардозиҳои Рўдакӣ баррасӣ шудааст. Муаллиф муҳимтарин хусусиятҳои тасвирҳои шоирро ба қалам дода, пеш аз ҳама ҷондору мутаҳаррик будани сувари хаёлҳои ўро таъкид менамояд.

пешина
аз 625
навбатӣ