Равзанаи адаб

Мақолаи «Чашмаи равшан», ки ба қалами донишманди маъруфи эронӣ Ғуломҳусайни Юсуфӣ тааллуқ дорад, ба таҳлилу баррасии қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-и Рўдакӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар асоси ин қасида аз як тараф рўзгори шоир, муҳимтарин лаҳзаҳои зиндагии ўро пеши назар меорад ва аз сўи дигар маҳорати суханварии шоирро ошкор менамояд. Ғуломҳусайни Юсуфӣ пас аз таҳлили амиқу ҳарҷонибаи қасидаи мазкур ба хулосае меояд, ки ин қасида на танҳо яке аз беҳтарину мўътамадтарин сарчашма роҷеъ ба рўзгори шоир аст, балки намунаи барҷастаи шеъри форсӣ дар тўли беш аз ҳазор сол аст : «Рўдакӣ дар дарозои дерандаи қарнҳо аз кўҳантарин сарояндагони пирист. Ба илова ин қасида ҳасби ҳоли ў низ ҳаст ва дар айни ҳол намунаест аз шеъри дурахшони дарӣ дар беш аз як ҳазор сол пеш. Барои форсизабонон ва дўстдорони шеъру адаб ин ёдгори гаронмоя аз падари шеъри форсӣ бегумон гаронқадр аст ва ҳифз карданӣ монанди ҳар ёдгори падар»(саҳ. 77).
Шеъри дигари машҳури Рўдакӣ, ки бо унвони «Бўйи Ҷўйи Мўлиён ояд ҳаме» маъруф аст, дар мақолаи Муҳаммад Амини Риёҳӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст.
Муаллиф пеш аз ҳама ба оҳангу мусиқии шеър таваҷҷўҳ зоҳир намуда, навиштааст : «Бўйи Ҷўйи Мўлиён ояд ҳаме…»
шеъре дар вазне пурҳаракату ваҷдовар ва нишотангез, ки ҳамнавоиву пайванди дилнишини ҳуруф ва такрори радифи «Ояд ҳаме» мусиқии мастибахше бад-он додааст»(саҳ. 78). Сипас ў таърихи суруда шудани қасидаро, ки бори аввал дар «Чаҳор мақола»-и Низомии Арўзии Самарқандӣ омадааст, нақл менамояд. Риёҳӣ таъкид менамояд, ки котибон аз ҳамон қадим дар навишти шеър, ба хусус матлаи он ба таҳриф роҳ додаанд. Дар «Чаҳор мақола» чунин сабт шудаасст :
Бўйи Ҷўйи Мўлиён ояд ҳаме,
Бўйи ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Ба назари муаллифи мақола «Бўйи Ҷўйи Мўлиён»
мафҳуми дилнишине надорад»(саҳ. 80). Дар ҳоле ки яке аз омилҳои хушоҳангиву мусиқии шеър, ки худи Риёҳӣ дар аввали мақола дуруст таъкид кардааст, ба назари мо аз ҳамин ифода шурўъ мешавад. Дар ҳамин ифода оҳанги хеле хубу таъсирбахш мавҷуд аст, ки шояд сабабгор ва илҳомбахши шоир барои сурудани шеър шуда бошад. Ин ҷо ба назари мо мантиқ муҳим нест, балки мазмуну оҳанг муҳим аст, ки мояи суруду тарона ҳам ҳамин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор