Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Агар ба кўрии чашм ў ёфт гетиро, Зи баҳри гетӣ ман кўр буд натвонам.
Дар байти мазкур шоир иддао дорад, ки Рўдакӣ барои дарёфти сарвату давлат нури чашмони худро аз даст дода, кўр шуд, вале ман намехоҳам барои сарват кўр шавам. Яъне Абўзироа аз рўи ҳасад ба Рўдакӣ таъна задааст, ки барои сарват тамоми ҳастии худро бахшидааст. Ба кўри модарзод ҳеч гоҳ чунин таъна раво нест, зеро он кори Худованд дониста мешуд, ки ба шахс вобаста нест.
Дақиқӣ, Фирдавсӣ ва каме баъдтар Носири Хусрав Рўдакиро «тирачашм» донистаанд. Тавре ки маълум аст, ин калима маънии тамоман нобино буданро надорад. «Тира» дар забони тоҷикӣ маънии хира, яъне камиро медиҳад. Масалан, Фирдавсӣ тираву хираро дар байти зер муродифи ҳам қарор додааст :

Ҳаво тирафому замин тира гашт,
Ду дида дар ў андарун хира гашт.

Дар ин масъала қасидаи ҳасбиҳолии «Шикоят аз пирӣ»-и шоир, ки хушбахтона, то имрўз комилан боқӣ мондааст, метавонад беҳтарин далел бошад. Худи набудани ишорае ба кўри модарзод будани шоир дар ин қасида беҳтарин далел аст. Агар Рўдакӣ кўри модарзод мебуд ва ё ўро кўр мекарданд, ҳатман ишора ва шикоят аз тақдиру душманон мекард. Зеро дар он қасида ба муҳимтарин лаҳзаҳову ҷанбаҳои ҳаёт ва шахсияташ амсоли дар ҷавонӣ зебову хушандом, сияҳмўю симдандон, ҳамеша хушҳолу шодон будан, ишқварзиҳои зиёдаш, дорои истеъдоди баланди сухандониву сурудхонӣ ва мутрибӣ буданаш, сипас соҳиби зану фарзанд гаштан, хидмат дар дарбор, шўҳрати ашъораш, робита бо сарватмандон, дарёфти атоҳои фаровон ва ғайра ишора шудааст.
Байти охирини қасидаи мазкур ҳам далели қотеъе мебошад, ки кўри модарзод будани шоирро рад менамояд :

Кунун замона дигар гашту ман дигар гаштам,
Асо биёр, ки вақти асову анбон буд

Тавре ки маълум аст, ҳеч кўри модарзод бидуни асо ҳаракат
карда наметавонад, яъне олату ёвари асосии кўрон аз
қадимулайём то имрўз асо мебошад. Агар Рўдакӣ кўри модарзод
мебуд, дар охири умр намегуфт, ки акнун навбати ба даст
гирифтани асо расидааст. Шояд баъзе муҳаққиқон, ҳамон тавре ки
А. Тоҳирҷонов нисбат ба калимаҳои марбут ба дидану шунидан гуфтааст, иддао кунанд, ки дар байти мазкур «асо гирифтан» ба маънии маҷозӣ истифода шудааст.

пешина
аз 625
навбатӣ