Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Масалан, дар яке аз мулоқотҳое, ки чанд сол қабл аз ин дар толори Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ баргузор гардид, як гурўҳ донишмандони эронӣ таҳти сарварии раиси онвақтаи Фарҳангистони забон ва адабиёти форсии Ҷумҳурии исломии Эрон доктор Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил ширкат доштанд. Яке аз меҳмонон доктор Саркоротӣ дар зимни суханронии худ таваҷҷўҳи ҳозиринро ба масъалаҳои баҳсноки аҳволу осори Рўдакӣ ҷалб намуд ва таъкид кард, ки мутаассифона, дар ин замина масоили ҳалношуда зиёданд. Ў ба тариқи намуна аз масъалаҳои кўрии Рўдакӣ, миқдори осори шоир, робитаи ў бо қарматиён ва ғайра ёд кард. Чун гуфта шуд, ки масоили мазкур дар китоби А. Тоҳирҷонов мавриди баҳси муфассал қарор гирифтааст, ў ноогоҳии донишмандони Эронро аз он китоб таъкид намуд. Дарвоқеъ аз ин китоби нодир на танҳо донишмандони хориҷӣ, балки муҳаққиқони зиёди ҷумҳурӣ низ огоҳӣ надоштанд.
Муаллифи асар Абдурраҳмон Тоҳирҷонов (1907 – 1983) зодаи кишвари Тотористони Россия буда, пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Ленинград дар Пажўҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Шўравӣ(бахши ленинградии он) ва то охири умр дар факултаи ховаршиносии донишгоҳи мазкур кор кардааст.
Фаъолияти илмии ў бо таҳқиқи достони «Хусрав ва Ширин»-и Қутб шурўъ шудааст. Сипас ў дар бораи масъалаҳои гуногуни адабиёти классикӣ ва муосири форсӣ асарҳо таълиф намуда, дар тавсифи нусхаҳои хаттии форсиву тоҷикии Китобхонаи Донишгоҳи Ленинград саҳми калон гузоштааст.
А. Тоҳирҷонов ба таҳияву таҳқиқ ва нашри сарчашмаҳо низ таваҷҷўҳ зоҳир намуда, аз ҷумла китоби «Маҷмауттаворих»-ро бо муқаддимаву тавзеҳот ба чоп расондааст. Солҳои охири умр ў ба таҳқиқи аҳволу осори Абўабдуллоҳ Рўдакӣ машғул шуда, китоби «Рўдакӣ. Рўзгор ва осор. Таърихи таҳқиқ»-ро ба табъ расонид.
Барои таълифи ин асари ҷолиби илмӣ ба ў дараҷаи илмии доктори илмҳои филологӣ дода шуд.
Китоби А. Тоҳирҷонов дар воқеъ аз чанд ҷиҳат хеле ҷолиб мебошад. Пеш аз ҳама он арзиши баланди сарчашмашиносӣ дорад. Муаллиф саъй намудааст, ки маълумоти ҳамаи манбаъҳои таърихиву адабии ба ў дастрасро дар бораи Рўдакӣ ҷамъ оварда, дар ибтидои баҳс дар ҳар масъала ва мавридҳои зарурӣ онҳоро зикр намуда, сипас мавриди баррасӣ қарор диҳад. Хуб донистани забони арабӣ имкон додааст, ки ў бештар аз таърихномаву саёҳатномаҳои арабӣ пурсамар истифода намояд. Аз ин ҷост, ки дар асар таъсири идеологияи давр хеле кам ба назар мерасад. Зеро кашфи ҳақиқат ҳадафи аслии муаллиф буда, дар ҳамаи мавридҳо ў ба далел такя намудааст.

пешина
аз 625
навбатӣ