Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар воқеъ таҷлилу бузургдошти гузаштагон барои идомаи суннатҳои волои фарҳангӣ, тарбияи маънавию ахлоқии мардум мусоидат намуда, раҳнамо ба ояндаи дурахшон мебошад.

Пайнавиштҳо

2 Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ бахшида ба рўзи байналмилалии Наврўз, Ҷумҳурият, 23.03 2014.
РАВЗАНАИ КИТОБ
«КИТОБШИНОСИИ ОСОРИ РЎДАКӢ»

Дар бораи устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ садҳо мақолаву рисола ва китобҳои мухталиф ба забонҳои гуногуни дунё ба нашр расидаанд. Барои раҳнамоии муҳаққиқону хонандагон ва шинохти амиқтари аҳволу осори шоир феҳрастҳои китобшиносӣ аҳамияти бузург доранд. Аз ин ҷост, ки дар бораи устод Рўдакӣ то ҳол чандин асарҳои китобшиносӣ таълиф шудаанд, ки муҳимтарини онҳо феҳрасти китобшиносии Рўдакии Р.
Телман ва А. Юнусов мебошад, ки дар ду ҷилд дар Душанбе ба табъ расид, ки номгўи осори роҷеъ ба шоир чопшударо то солҳои 60 қарни 20 дар бар мегирад. Бе ваҷҳ нест, ки тарҷумаи форсии ин асар таҳти унвони «Китобшиносии Рўдакӣ» дар таҳияи Муҳаммад Содиқи Ҳумоюнфард дар интишороти Маркази асноду мадорики Вазорати фарҳанг ва омўзиши олии Эрон соли 1986 ба табъ расид.
Дар тўли 50 соли ахир рўдакишиносӣ хеле рушд пайдо кард ва осори фаровоне дар ин замина ба вуҷуд омаданд, ки ин тартиб додани феҳрастҳои тозаи китобшиносиро тақозо менамояд. Асари библиографии донишманди эронӣ Абулқосими Родфар «Китобшиносии осори Рўдакӣ » бо назардошти ин зарурат ва ба муносибати ҷашни 1150-солагии устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ дар интишороти Муассисаи таҳқиқот ва тавсиаи улуми инсонии Теҳрон дар силсилаи «Фарҳанг ва тамаддуни Эрон» ба табъ расид.
Китоб бо пешгуфтори мухтасари муаллиф шурўъ мешавад.
Дар фасли «Зиндагинома ва осори Рўдакӣ» шарҳи ҳол ва осори шоир омадааст. Дар ин фасл ҳамчунин роҷеъ ба сабки ашъори Рўдакӣ, таъсири ў ба шоирони асрҳои баъд, ҷойгоҳаш дар адабиёти форсу тоҷик ва сойири мардумони Шарқ ва шўҳрати ҷаҳонии ў сухан рафтааст.
Дар фасли «Рўдакӣ-китобҳо (эронӣ)» як силсила асарҳое, ки дар бораи шоир дар Эрон ба табъ расидаанд, шарҳу тавзеҳ ёфтаанд. Дар ин фасл метавон бо сохтору мўҳтавои асарҳои таҳқиқии Саид Нафисӣ, Насрулло Имомӣ, Аскари Ҳуқуқӣ, маҷмўаҳои осори шоир ва амсоли инҳо ошно шуд.
Фасли «Рўдакӣ-китобҳо (ғайриэронӣ)» феҳристи асарҳои рўдакишиносони ғайриэронӣ ва шарҳи мухтасари баъзеи онҳоро дар бар мегирад. Қобили таваҷҷўҳ аст, ки аксари осори дар ин фасл ҷой гирифта дар Тоҷикистон ба табъ расидаанд.

пешина
аз 625
навбатӣ