Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар пойтахти ҷумҳурӣ Боғи Устод Рўдакӣ бунёд гардид ва дар он муҷассамаи нави шоир гузошта шуд. Ҳамчунин дар шаҳри Хуҷанд пайкараи биринҷии шоир қад афрохт. Иншооти зиёди идона дар зодгоҳи шоир ва шаҳри Панҷакент ба истифода дода шуданд.
Мақбараи шоир ва осорхонаи ў таъмиру обод гардид. Олимони тоҷик дар таҳқиқи аҳволу осори шоир комёбиҳои тоза ба даст оварда, бори аввал дар таърих «Донишномаи Рўдакӣ»-ро омода намуданд, ки ду ҷилди он то рўзҳои ҷашн ба табъ расид. Бори аввал матни илмиву интиқодии осори боқимондаи шоир чоп шуд.
Мақолаҳои зиёди илмӣ ва маҷмуаи «Рўдакӣ: дирўз ва имрўз»
нашр гардид. Китобҳои «Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рўдакӣ»-и Саид Нафисӣ ба ҳуруфи кириллӣ, «Дар бораи Рўдакӣ»- и Аҳрор Мухторов, «Илм дар замони Рўдакӣ»-и М.Илолов ва А.Комилӣ, «Суннатҳои устовори даврони пурбори адабиёт»-и М.
Муллоаҳмад ва амсоли инҳо интишор ёфтанд. Ду албоми мусаввари «Ашъори Рўдакӣ» ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар шаҳри Москва нашр гардид. «Андарзномаи Рўдакӣ» низ ба се забон дар Душанбе ва Теҳрон ба табъ расид.
Дар Симпозиуми байналмилалии «Рўдакӣ ва фарҳанги ҷаҳон», ки дар толори Кохи Ваҳдат баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронии пурмуҳтаво намуда, баробари нищон додани арзишҳои баланди андешаҳои устод Рўдакӣ ба масъалаҳои умдаи рўдакишиносӣ ишора кард. Ў таъкид намуд, ки арзишҳои умумибашарии осору афкори устод Рўдакӣ имрўз дар таҳкими гуфтугўи тамаддунхо хидмати шоиста мекунанд. Ин нукта дар суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 63 Созмони Милали Муттаҳид низ баланд садо дод: «Ба ақидаи ман арзишҳои умумибашарие, ки Рўдакӣ онҳоро тарғибу ташвиқ намудааст, имрўз ба ҳадафу вазифаҳои СММ дар саросари ҷаҳон ҳамоҳанганд ва устуворсозии дўстии халқҳо, вусъати гуфтугўи байни фарҳангҳо, ғояҳои башардўстона ва тавозуни зиндагиро тараннум менамоянд.» Дар симпозиуми байналмилалии «Рўдакӣ ва фарҳанги ҷаҳон» 122 суханронии илмии олимони кишварҳои гуногуни олам дар 5 бахш мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Симпозиум нишон дод, ки дар Рўдакишиносӣ солҳои охир комёбиҳои зиёде ба даст омада, муҳаққиқон аз тадқиқи умумии аҳволу осори шоир ба баррасии ҷанбаҳои мушаххаси рўзгору андешаҳои шоир рўй овардаанд. Дар ин ҳамоиш баробари адабиётшиносону забоншиносон мутахассисони соҳаҳои гуногуни илмҳои ҷамъиятшиносиву табиатшиносӣ, амсоли бостоншиносон, сиёсатшиносон, ҳунаршиносон, табибон, физику риёзидонон низ ширкат ва суханронӣ намуданд.

пешина
аз 625
навбатӣ