Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

2 Эҳтимо- парҳез
3 Дар матн «боқӣ» сабт шудааст, ки вазнро халалдор месозад.
Раҳнамои ояндаи дурахшон

Ҷашну маросимҳо, таҷлилу бузургдошти адибону донишмандон ва дигар бузургон аз суннатҳои муҳимми фарҳангӣ буда, барои пойдориву ваҳдати миллӣ, бақову устувории халқ мусоидат менамоянд. Аз ин ҷост, ки мардуми тоҷик аз қадимулайём ба баргузории ҷашну маросимҳо, бузургдошти фарзандони барумади худ таваҷҷўҳи зиёд зоҳир менамояд, онҳоро ба некӣ ёд мекунад, ба эҳтироми онҳо маҳфилҳои ёдбуд баргузор месозад, ибодатгоҳҳо бунёд мекунад. Ба хусус дар даврони истиқлол ин таваҷҷўҳ беш аз пеш ривоҷ пайдо карда, ба як рукни муҳимми сиёсати давлатӣ қарор гирифт. Ҳоло илова бар ҷашнҳои миллии Наврўз, Истиқлол, Ваҳдати миллӣ, Рўзи Парчами миллӣ, Рўзи қабули Сарқонун, Рўзи Дониш ва амсоли инҳо ҳар сол таҷлили зодрўзи адибону донишмандон ва арбобони бузурги сиёсиву фарҳангӣ баргузор мегардад.
Ибтидои солҳои 90 асри гузашта созмони байналмилалии ЮНЕСКО солҳои 1990 – 1994-ро панҷсолаи бузургдошти «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ эълон намуда буд. Ба ин муносибат соли 1990 дар шаҳри Теҳрон симпозиуми байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Тоҷикистон , аз ҷумла устод Лоиқ Шералӣ ва муаллифи ин сатрҳо ширкат ва суханронӣ намуданд. Бузургдогшти ҳазораи «Шоҳнома» соли 1994 дар ҳамоиши байналмилалие, ки дар шаҳри Душанбе барпо гардид, ҷамъбаст шуд. Бо вуҷуди он ки дар он солҳо вазъи кишвар ноором буд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории ин ҳамоиши пуршукўҳи илмӣ саъй намуда, онро ба дараҷаи баланди ташкилӣ гузаронд. Дар ҳамоиши мазкур, ки воқеан ба як падидаи муҳимми фарҳангӣ табдил ёфта буд, меҳмононои зиёди хориҷӣ ширкат варзиданд. Аз ҷумла аз Ҷумҳурии исломии Эрон гурўҳи калони донишмандону ҳунармандон бо дастовезҳои шоиста ташриф оварда, намоишҳои гуногуни осори Фирдавсӣ ва «Шоҳномахониҳо» ташкил намуданд.

пешина
аз 625
навбатӣ